Тайи солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари даҳ муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, идораҳои роҳдории Қалъаихумб ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз низ бо маблағгузории Ҳукумати кишвар техникаҳои нави замонавӣ, аз қабили булдозер, боркунакҳои фронталӣ, экскаватору автогрейдерҳо, мошинҳои худфарор ва дигар техникаи роҳсозӣ ва таҷҳизоти зарурӣ дастрас карданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо маблағгузориҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳиссагузории шарикони рушд паркҳои мошинӣ-трактории муассисаҳо пурқувват гардида, шароиту имкониятҳо фароҳам омаданд, ки қитъаи автомобилгарди Зиғар – Қалъаихумб – мавзеи Даҳанаи Оби Пшихарв ва роҳҳои маҳаллии ҳудуди деҳоти Нулванд, Қалъаихумб, Сағирдашт ва Вишхарв, алалхусус қитъаи 65-километраи роҳи Қалъаихумб – Қалъаи Ҳусайн, ки аз мавзеи Дударгӣ – Хоб – Душохакӯҳ – Сафедорону Фаркинг аз баландиҳои ағбаи Хобурубот мегузарад, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар ҳолати хуби истифодабарӣ қарор дошта бошанд. Дар ин масир аз ноябр то охири моҳи март барфи зиёд меборад. Дар мавзеъҳои Сафедям, Хирсдара то подомони ағбаи Хобурубот даҳҳо тармаҳои калону хурд мефароянд. Аз ҳамин хотир, роҳдорони ҳар ду муассисаро зарур аст, ки техникаи мавҷударо дар ҳолати омодабош қарор диҳанд, зеро вазъи обу ҳаво дар кӯҳистони Бадахшон қариб ҳамарӯза тағйирёбанда буда, гаҳе борону гоҳе барф меборад.
Сардорони муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди Қалъаихумбу Сағирдашти ноҳияи Дарвоз Нуриддин Одинаев ва Сорбон Азимов иттилоъ доданд, ки роҳи баландкӯҳи пургардишу хавфноки ағбаи Хобурубот ба мисли ағбаҳои Кӯҳтезак, Харгӯшӣ, Курук, Кулма, Талдиқ, Оқбайтали Помири шарқӣ бемасъулиятӣ ва саҳлангориро намеписандад. Роҳдорон ва механизаторонро зарур аст, ки ба ҳар як ҳолати боду ҳавои табиати кӯҳистон тайёр бошанд. Хушбахтона, бо ёрии Вазорати нақлиёти кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва фаъолияти босуботи коргарону механизаторони идораҳои роҳдории ноҳияи Дарвоз роҳи ағбаи Хобурубот нисбат ба солҳои гузашта ҳоло тахту ҳамвортар аст. Бисёр намудҳои нақлиёти автомобилӣ ва мошинҳои гаронвазн низ аз ҳамин роҳи баландкӯҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба Дарвоз ва дигар шаҳру навоҳии ВМКБ ҳаракат мекунанд, пайваста мусофир ва борҳои заруриро мекашонанд. Дар мавсими сайёҳӣ садҳо нафар дунёнавардони хориҷӣ ва ватанӣ аз ҳамин роҳ сафар доштанд. Онҳо муъҷизаҳои баландкӯҳҳоро бомароқ тамошо карданд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳо”-и вилоят Далер Мукаррамшоев гуфт, ки кушода нигоҳ доштани роҳи ағбаи Хобурубот ба мисли дигар ағбаҳои масири шоҳроҳи тулонии Помир, пеш аз ҳама, Кӯҳтезак, Қуруқ ва Харгӯшӣ барои сокинони 17 деҳаи ҳудуди деҳоти Сағирдашт, инчунин, ронандагону мусофирон, сайёҳони хориҷиву ватанӣ, ки тариқи шоҳроҳи Душанбе – Файзобод – Нуробод – Сангвор – Қалъаихумб ба чорсӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунанд, бисёр ҳам муҳим ва зарур аст. Аз ҳамин хотир, коргарону механизаторон ва кормандони муҳандисӣ-техникии муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои Қалъаихумб ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз тасмими дурусте гирифтаанд, ки ин қитъаи роҳи баландкӯҳи ағбаи Хобуруботро, ки аз маркази ноҳияи Дарвоз то деҳаи Қалъаи Ҳусайн зиёда аз 65 километрро ташкил медиҳад, бо мадади Вазорати нақлиёти кишвар, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Дарвоз то миёнаҳои моҳи декабр кушода нигоҳ медоранд. Қавли роҳдорон қатъист ва онҳо ба аҳди худ, албатта, вафо мекунанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор