Синхуа. Чин аз Фаластин ва Исроил даъват намуд, ки ба амалиёти ҷангӣ фавран хотима бахшанд.
Фаластиниҳо дар Ғазза аз замони оғози даври нави низоъ аз бомбаборонкунии бенизом ранҷ мебаранд. Онҳо, ҳатто, дар беморхонаҳо, мактабҳо, лагерҳои гурезагон ва иншоотҳои СММ дар амон нестанд. Гэн Шуан, муовини намояндаи доимии Чин дар СММ иброз дошт, ки ба гуфтаи Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ, мардуми Ғазза ба ранҷу азобҳои зиёд дучор шудаанд.
ТАСС. Президенти Русия Владимир Путин озими Қазоқистон шуд.
Путин дар доираи сафар бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот мекунад ва пас аз музокирот имзои санадҳо дар назар аст.
Коммерсант. Дар музоядаи Sotheby's расми рассоми испанӣ Пабло Пикассо бо номи “Зане бо соат” ба маблағи 139,4 миллион доллари ИМА фурӯхта шуд, ки ин дуюмин натиҷа дар таърихи фурӯши асарҳои рассом дар музояда аст, – гуфта мешавад дар изҳороти Sotheby's дар шабакаи иҷтимоии X.
ТАСС. Бино ба иттилоли Идораи федералии Олмон оид ба муҳоҷират ва гурезаҳо, Олмон дар моҳи октябр ҳудуди 32 ҳазор паноҳандаро қабул кард, ки ин рақам аз соли 2016 ба ин сӯ натиҷаи рекордист.