Lenta.ru. Вазири корҳои хориҷии Сингапур Вивиан Балакришнан гуфт, ки дар сурати авҷ гирифтани ҷанг дар Ховари Миёна, иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад ба таварруми шадид (гиперинфлятсия) дучор шавад.
Суханони сардори Вазорати корҳои хориҷии ин кишвари осиёиро «Bloomberg» иқтибос овардааст. Тавре вазир тавзеҳ дод, ҷалби кишварҳои минтақа дар ҷанги Исроил ва гурӯҳи тундрави фаластинии ҲАМОС метавонад боиси афзоиши назарраси нархҳо дар саросари ҷаҳон гардад. Иқтисоди ҷаҳонӣ дар айни замон, бо сабаби афзоиши шиддати вазъи геополитикӣ, "лаҳзаи хатар"-ро аз сар мегузаронад. “Ман худро хеле нороҳат ҳис мекунам. Агар мо бо ҷаҳони дар ҷанг печида дучор шавем, он як ҷаҳони беамну субот ва харобшуда хоҳад буд, – хулоса кард Балакришнан зимни суханронӣ дар «Форуми иқтисоди нав» дар Сингапур.
Путин: «Бархе аз кишварҳо субот дар мамолики ИДМ-ро қасдан ноором месозанд»
Sputnik. Фаъолияти бархе аз кишварҳо мустақиман ба заиф кардани қудрат дар мамлакатҳои пасошуравӣ нигаронда шудааст, – гуфт Президенти Русия Владимир Путин дар паёми видеоӣ ба иштирокчиёни ҷаласаи XI котибони Шурои амнияти кишварҳои узви ИДМ.
Ба гуфтаи Путин, кишварҳои ИДМ дар соҳаи амният бояд корҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намоянд.
Роҳбари Русия зикр кард, ки таҳдидҳои муштараки терроризм, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин, ифротгароӣ барои кишварҳои узви ИДМ умумӣ, илова бар ин, хатарҳо дар соҳаҳои амнияти иқтисодӣ, иттилоотӣ, технологӣ ва биологӣ низ боқӣ мемонанд.
Путин таъкид кард, барои кишварҳои ИДМ муҳим аст, ки ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъ дар давлатҳои муштаракулманофеъ ва, дар маҷмуъ, дар ҷаҳон аз имконоти пешгӯӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии шуроҳои амниятӣ пурра истифода намоянд.
Дар шимоли Ғазза ҳама нонвойхонаҳо баста шуданд
Мир24. Ҳама нонвойхонаҳо дар шимоли Ғазза ба далели нарасидани об, сӯзишворӣ ва орд маҷбур шуданд, ки дарҳои худро банданд, – гуфта мешавад дар изҳороти Дафтари ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаи СММ. 7-уми ноябр афроди дар ҷустуҷӯи ғизо аз се муассисаи ахир 38 тонна ордро бо худ бурданд.
Дар ду рӯзи охир аз рафҳои мағозаҳои анклав маҳсулоти ширӣ, тухм ва оби минералӣ нопадид шуданд. Ба гуфтаи Дафтари ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаи СММ, дар осиёбҳои Ғазза нуҳ ҳазор тонна ғалла мавҷуд аст, аммо бо сабаби харобиҳои зиёд ва нарасидани сӯзишворӣ имкони истифодаи он нест.
СММ: «Бар асари даргириҳои ахир 89 корманди СММ дар Ғазза кушта шуд»
Синхуа. Агентии СММ оид ба кумак ва ташкили кор бо гурезаҳои фаластинӣ дар Шарқи Наздик хабар дод, ки дар даргириҳои ахири ҷунбиши фаластинии ҲАМОС ва Исроил, ки як моҳ пеш оғоз шуд, 89 корманди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳалокат расид.
Дар таърихи Созмон бори аввал аст, ки танҳо зимни як муноқиша чунин теъдоди коргарони СММ ба ҳалокат мерасанд. Дар гузориши ахири Агентии болозикр, ҳамчунин, омадааст, ки аз рӯзи 7-уми октябр тақрибан 1,5 миллион нафар дар Ғазза овора шуда, ҳудуди 725 000 нафар дар 149 иншооти Агентӣ дар тамоми панҷ ноҳияи Ғазза паноҳ бурдаанд.