9-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошкент ба номи Ислом Каримов меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.