Шаб чун қалби лолаи сиёҳ шукуфт ва ё чун гесуи духтар парешон гашт. Ситораҳо рӯид, Моҳ оҳиста-оҳиста дар фазои бекарон шино мекард.
Нигаҳам ба Роҳи Каҳкашон пайваст. Дар хаёлам анҷуми ахтарон бо одамони соҳибмақому соҳибсухан ҳамоҳанг шуданд. Онҳо дар ин роҳ қадам мезаданду тухми сухан мекоштанд ва навои худогоҳӣ менавохтанд.
Ба ёди он мардони сухану ҳунар мехоҳам ба рӯи саҳфа ҳарфҳоро чун ситораҳо бикорам, ашкҳоям аз ман пештар ситораборон шуданд.
Нигоҳам шахсони шиносро меҷӯяд…
Яке овое дар хаёлам панҷа зад. Садои равшан ва бисёр шинос…
Ӯро мебинам, меёбам аз анбуҳи одамон. Бо қомати баланд, бо мӯйи қиргун ва риши мошу биринҷ, бо нигоҳи тезу садои марғуладор ва чубуқ дар даст ба сӯи ман меояд.
Либосҳои сафед дар бар ва чеҳрааш нурафшон…
– Сайф, Сайф Раҳимзоди Афардӣ,– ово медиҳам.
Садоям намерасад...
Яке бедор мешавам. Ёди он дӯст хобро аз дидаам рабуд. Андешаҳоям варақгардон шуданд…
Сайф… Ӯро пеш аз вохӯрӣ шинохта будам. Ҳамон замоне ки «Гунҷишки сафед»-аш пар кушоду бо сабку услубаш як навгонӣ, балки таҳаввулотеро дар навиштану нигориш ба вуҷуд оварда буд.
Руҳи инсон, диди одам ҳамеша ташнаи чизи нав аст. Охир: «Навро ҳаловатест дигар…».
Ба ин ҳикояи таронамонанд ҳавас мекардам, гаштаю баргашта мехондам.
Дигар он ки, вақте қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расид, пас аз хондан, дилам лабрез аз меҳр шуд ва чун тори рубоб ба наво омад: «Чи хуб, ки чунин шахсон бо диди нав, бо сабки тоза дилу дидаи моро нуру зиё мебахшанд. Вале дилам ба ҳоли қаҳрамони асар менолид. Робияи хурдакак дар андешаю гуфтораш ба касе шабеҳ нест, оламу одамро дигар хел мебинад, дигар хел меёбад.
Вале дар охир ҳамин зебоӣ маҳв мешаваду тори умр канда…
Аммо сурудхонии ӯ гӯё ба гӯшам мерасад, ки бо бозичаҳои хеш як олами покро барои худ ифшо карда:
«Акнун ман аз ҷониби арӯс доира мезанаму ашула мехонам, барои ту мехонам, оча, оча арусиатро «муборак бод» мегӯям...
Чаро намерақсед? Э, беҳунарҳо! На доира мезанед, на мерақсед…
Ман доирадастам, ҳофизам, раққосаам ва пешопеши шумо доира мезанам, мехонам, мерақсам. Рафтем!».
Ин лаҳзаро бисёр зинда ва табиӣ мебинам, меёбам. Дунёи кӯдакон соф ва беғаш аст ва гоҳҳо андешаи онҳо аз мо – калонсолон, болотару зеботар ва зиндатар, берун аз сохтакориянд.
Оламу одамро бо нигаҳи софи кӯдакона дидан, ин ҳунари Сайф ва чунин нависандаи борикбин буд.
Маро аввал ҳамин ду нигоштааш бо ӯ шинос намуд.
Вақте ки ӯ ҳамчун сармуҳаррири идораи гуфторҳои мусиқӣ ба кор омад, шодон ба вохӯрӣ шитофтам, то сарояндаи он ҳикояву он қиссаро аз наздик бубинам.
– Шумо чӣ кор мекунед?
– Пеш аз сабт шеърҳоро аз назар мегузаронам.
– Шеърро мефаҳмед?
–Кам-кам.
–Кам-кам бошад, нағзаш кор накунед.
– Шеърро ҳеҷ кас пурра намефаҳмад, дарк намесозад…
– Ин баҳона намешавад.
Суҳбати кӯтоҳи мо ҳамин буд.
Ӯ нимрӯзӣ боз маро ба наздаш хонд.
– Биёед ҳамроҳ хӯрок мехӯрем..
Ӯ метавонист, бо як нигоҳ, бо суханони аҷиб ботини касро ифшо созад ва аз суханат туро шиносад…
Мо бо ӯ дар идораи мусиқӣ бисёр кор накардем, аммо дар муддати кӯтоҳ ӯ тавонист дар идора, дар гуфторҳои идораи мусиқӣ навгониву таҳаввулотро дохил кунад. Сохтакорӣ, бепарвоиро хуш надошт.
– Агар сухане гӯед, бояд нишонрас ва нав бошад. Мусиқӣ ин эҳсосот аст, дарки ботин аст, онро амиқ бояд ҳис кард…
Ӯ ба кори дигар гузашт. Газета, киностудия…
Гоҳ-гоҳ ба суроғаш мерафтам… Бештар андешаманд ва дар фикри чизе буд, ки кас наметавонист дарк кунад.
– Бисёр хондану кам навиштан хуб аст, аммо нанавиштан бисёр нохуб. Ку чӣ эҷод кардед, биёред, бубинем?
Пас аз ин пурсишҳо ба наздаш бо дасти холӣ намерафтам, мехонду маро боз талқин мекард, ки бинависам.
Лекин ҳар навиштаи ӯ, ҳикояи ӯро мехондам, боз аз навиштан мемондам. Охир, ӯ доди суханро дар нигоштаҳояш медод. Ҳангоми мутолиа, гумон доштам, ки достон мехонам. Ӯро дар нигоштаҳояш ҳам шоир, ҳам нависанда ва ҳам рассому мусиқидон метавон дарёфт.
Чун ҳикояи «Аз ёдҳо, аз ёдҳо»-ро хондам, дарун-дарун гиристам.
Ӯро дидаму гуфтам:
– Бисёр сахт ва мушкил аст, ин ҳикоя. Ҷигарам реш-реш шуд.
– Зиндагӣ чунин оҳанги дард ҳам дорад. Он дардҳоро гӯё кашидаам, аз сар гузарондаам, – мегуфт ӯ.
Нигоҳаш ҳамон ҳикояи дард, оҳ ва қисмати инсонро ҳоло бароям месарояд.
Ӯ як одате дошт, ки мехост, тарзи навишташ ба касе шабоҳат надошта бошад.
Зиндагиаш гоҳ аёну гоҳ ноаён аз назарҳо мегузашт. Вале агар амиқ назар андозем, нақши носутурдание дар адабиёт гузоштааст. Аз китоб ба китоб ӯ як дунёи дигарро ба рӯи мо боз мекунад. Китоби аввалаш «Ситораҳои сари танӯр» буд. Китоби дуюмаш «Аз ёдҳо, аз ёдҳо», баъд «Дурӯғи сафед»-у «Таронаҳо».
Вақте ки ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун раис омад, тавонист дар муддати кӯтоҳ навгониҳои зиёдеро роҳандозӣ кунад.
Намоишу гуфторҳои диданию шуниданӣ бештар гаштанд. Фазои эҷодӣ ба тарзи дигар нумӯ кард. Саҳар меомаду шаб бармегашт…
Акнун тез-тез вомехӯрдем.
– Шумо ба телевизион мегузаред?
– Он ҷо бароям ноошно, мумкин аз уҳдаи кор намебароям.
– Шуниданро худ дарк кардед, акнун диданро омӯзед.
Дар телевизон то ними шаб кор ҷӯш мезад. Дар назари ман ҳама корҳо оҳанги нав ёфта буданд. Бисёр мехост, консерту намоишҳои зинда бештар бошанд. Мо зуд дар ин кор бо ӯ ҷӯр шудем, ҳамнаво гаштем.
«Шашмақом» – ин шоҳасари тоҷик, бо либоси нав ва тарзи нав пешкаши тамошобинон гашт.
Ӯ гуфт:
– Моро ин шоҳасар ба ҳам меорад, муттаҳид мекунад. «Шаш-мақом» ақл, заковат ва ганҷи ниёгони мост, ки онро наметавон бо тамоми нозукияш дарк кард, ба умқаш расид. Он ақлро бино ва равшан менамояд.
Дар ин чанд ҷумла ӯ дилашро кушод. Кор ҷӯш мезад, дилҳо ба кор гарм буданд. Шабу рӯз гӯё ноаён ва дар ҳалқаи корҳои наву тоза мегузашт.
Ҳангоми суҳбатҳо ҳаминро дарёфтам, ки андешаҳояш, фикрҳояш тоза ва хеле пешрафта. Мехост ҷаҳонро дар оҳанги нав ва дилҷӯи худ бубинад. Ва барои ин мақсад ҷаҳду талош мекард. Бо завқу диди худ ҳар як намоиш, ҳар як гуфторро пешкаши ҳамагон мекард. Оламе дар нигоҳи ӯ гулрезу гулбез мешуду ҳамагонро ба сӯи худ мекашид.
Шабро нигоҳи ӯ пора кард. Сайф, ки буд, сайфвор ба дили торикӣ ханҷар кашиду нур афканд, бо корҳои накую бо ғайрати том.
Мехост гиряро, ғамро бо ханда кушад.
Дилаш нола дошт. Дар чунин ҳолатҳо танҳоӣ мекашид. Мехост ҳарчи тезтар ба хона равад. Бо оилааш, фарзандонаш роз бигӯяд…
Не, боз андеша мекард. Заифнолиро кори мардон намедонист.
– Мард бояд мардона мирад,– мегуфт ӯ гоҳ-гоҳ.
Ва аҷиб, ки марги худро гӯё дар риштаи хаёлаш гузаронд, дар дили шаб эҳсос карда, ҳамагонро огаҳ намуда буд. Маргро мардона пешвоз гирифт.
Ва ба рӯи марг ва қотилон ханда заду чун оташ дурахшид.
Марг гурезон шуд, қотил дасту по хӯрд ва оҷиз монд.
Марги ӯ қотилро ба ларза овард…
Сайф моро падруд гуфт, вале корҳои накуяш, симои гарму пурҷозибааш моро пайғом медиҳад.
Ӯро хоб мебинам. Сафедпӯш, ханда ба лаб. Сӯи само ишора дорад. Оҳанги гиря дар дилам печ мехӯрад.
Ӯ гӯё маро ҳис мекунаду мегӯяд:
– Фурӯғи Офтоб маро бо лабханд дуруд мегӯяд. Борон, додари ғамзадаи ӯ, бо дили ман гуфтугӯ мекунад.
Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАР, адиб