Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Табиист, ки ин ҳодиса дар рафти раванди таърихӣ доимо тағйир меёбад ва дар баробари мураккаб шудани тартиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, шаклҳои нави зуҳуроти он ба миён меоянд.
Дар ҷаҳони муосир коррупсия барои қариб ҳамаи давлатҳо як мушкили ҷиддӣ ва мубрам ба ҳисоб меравад. Дар муқаддимаи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди таҳдидҳои коррупсия ба суботу амнияти ҷомеа, ки институтҳо ва арзишҳои демократӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва адолатро халалдор мекунанду ба рушди устувор ва волоияти қонун зарар мерасонанд, қайд карда мешавад, ки он дигар мушкилоти маҳаллӣ ба ҳисоб нарафта, балки ба як падидаи фаромиллӣ табдил ёфтаасту ба ҷомеа ва иқтисоди тамоми кишварҳо таъсир мерасонад. Имрӯз мушкилоти коррупсия рафъи зуҳуроти мухталифи он ва муқовимат ба паҳншавиаш, таҳия ва татбиқи амалии сиёсати самарабахши зиддикоррупсиониро барои тамоми кишварҳои олам тақозо менамояд.
Коррупсия як иллати ошкори тамоми низоми идоракунии иҷтимоӣ мебошад, ки ба ҳамаи давлатҳо хос аст ва дар ҳамаи давру замон вуҷуд дорад. Вай танҳо ба низоми муносибатҳои ҷамъиятии дорои дараҷаҳои гуногуни фаъолият таъсир расонда, баъзан чунон мавқеъ пайдо мекунад, ки ба танзимгари ин муносибатҳо табдил ёфта, қонунро иваз менамояд ё дар баробари он амал намуда, пояҳои ҳокимияти давлатиро суст мекунад. Чунин кирдорҳои коррупсионӣ соҳибони қудрати қонуниро водор месозад, ки ба он муқовимат нишон диҳанд. Мубориза бо ин шакли шадиди коррупсия ба самти муҳимтарини ташаккули рушди устувори низоми идоракунии иҷтимоӣ табдил меёбад.
Давлат ва ҷомеа ҳангоми рушд, бо назардошти омилҳои зиёди дорои хусусияти объективӣ ва субъективӣ, воситаҳои мубориза бо коррупсияро таҳия намуда, онҳоро дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият – ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор медиҳанд. Бо ин мақсад, бар зидди коррупсия чораҳои зарурӣ, чи дар сатҳи байналмилалӣ ва чи дар сатҳи миллии ин кишварҳо андешида шуда, доктринаи ягонаи ҳуқуқӣ дар ин раванд ташаккул дода шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ гуногунанд, аз ҷумла таҳаммулпазирии аҳолӣ ба зуҳуроти коррупсия, паст будани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, мавҷудияти интихоби усулҳои рафтори шахси мансабдор, вақте ки ӯ метавонад масъалаи дар назди ӯ гузошташударо ҳам мусбат ва ҳам манфӣ ҳал намояд, аз ҷониби шаҳрванд надонистани ҳуқуқҳои худ, инчунин, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахси мансабдор ё шахсе, ки вазифаи роҳбариро дар ташкилоти тиҷоратӣ, ё ташкилоти дигар иҷро менамояд. Дар навбати худ, намудҳои коррупсия низ шаклҳои гуногун доранд. Вобаста ба субъекти он, бо суиистифода аз вазифаҳои хизматӣ ва ташаббускори муносибатҳо, ришвадиҳандаю ришвагиранда, миёнаравӣ, вобаста ба объекти он, фоида, бартарӣ ва имтиёзи ба дастовардашуда фаҳмида мешаванд.
Коррупсия як мушкилоти байналмилалӣ буда, он ба ҳамаи кишварҳо, сарфи назар аз сохти сиёсӣ ва сатҳи рушду нумӯи сиёсӣ маҳсуб буда, танҳо аз ҷиҳати миқёсу андозаи худ фарқ мекунад. Дар умум, оқибатҳои ногувори коррупсия дар он аст, ки принсипи волоияти қонунро поймол, ба рушди арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун таҳдид мекунад, сулҳу суботро дар ҷомеа барҳам медиҳад, ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла сармоягузориҳои хориҷиро, коҳиш медиҳаду ҳавасмандии сармоягузоронро ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти муайян аз байн мебарад.
Б. ЮСУПОВ,
ҳуқуқшиноси дастгоҳи марказии
КВД БА ҶТ «Амонатбонк»