Бо оростани хирмани зиёда аз 14 ҳазору 200 тонна деҳқонони асили ноҳияи Ашт нахустин шуда, байни навоҳии пахтакори вилояти Суғд, нақшаи дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро карданд.
Бино ба иттилои Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ҳоло ба ҳисоби миёна беш аз 24-сентнериро ташкил медиҳад, ки ин дар миқёси вилоят баландтарин аст. Дар ноҳия зиёда аз 900 хоҷагии деҳқонии пахтакор мавҷуд буда, бештари онҳо ҳосилнокиро аз 30 то 40-сентнерӣ расонданд. Хоҷагии деҳқонии “Шараф”, ки ба он Шараф Ҳомидов сарварӣ дорад, аз ҳар гектар зиёда аз 50 сентнер ҳосил гирифт.
– Давоми наздик ба 14 сол, ки хоҷагии деҳқонӣ дорем, ҳоло дар ҳар мавсим аз 40 сентнер кам ҳосил нагирифтаем, – иброз медорад Шараф Ҳомидов. Ҳосил дар саҳро ҳанӯз ҳам зиёд аст. Ният дорем, онро то охир беталаф ғунучин карда, ҳосилнокиро то 60 сентнер расонем.
Рафтор Муҳаммадиев, собиқадори соҳа, иброз медорад, ки пахтакорӣ дар панҷ – шаш соли охир дар ноҳия рушд дорад.
– Бо афзунбахшии истеҳсоли пахта, ки ашёи пурқимати саноатӣ маҳсуб меёбад, шароит фароҳам меояд, то ин ки корхонаҳои бофандагию ресандагии нав бунёд шаванду фаъолияти босамар дошта бошанд, – мегӯяд Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳия, – ният дорем то охири мавсим боз наздик ба 1,5 ҳазор тонна пахта истеҳсол кунем ва иқтисодиёти ноҳияро рушд бахшем.
Дар иҷрои саривақтии нақшаи истеҳсоли пахта, қабл аз ҳама, саҳми идораи обёрӣ ва беҳдошти замини ноҳия бо сарварии Махфиралӣ Бобоалиев ниҳоят калон аст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”