11-уми ноябр, дар ҳошияи нишасти изтирории сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Риёз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
Ҳангоми мулоқот масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардид. Рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ маънидод шуд.
Таъкид рафт, ки, баъди баргузории даври сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе 24-уми декабри соли 2022, таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бештар шуд ва имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ заминаи боэътимоди меъёриву ҳуқуқӣ дар ин самт фароҳам овард.
Ҷонибҳо доир ба ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маъданҳо, энергетика, таъсиси фонд ё ширкати муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории хурд ва миёна дар Тоҷикистон, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим дар масири байни шаҳрҳои Душанбе – Ҷидда ва ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ табодули афкори судманд анҷом доданд.
Омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳамсозии имтиёзу сабукиҳои зарурӣ ба сармоягузорони саудӣ дар заминаи қонунгузории амалкунанда таъкид шуд.