Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси амру фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», дар нуҳ моҳи соли 2023 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонд.
Сокинони шаҳр баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалӣ гардондани ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар ва расидан ба зиндагии боз ҳам шоистатар талош карда, дар нуҳ моҳи соли равон ба нишондиҳандаҳои баланд ва дастовардҳои шоён ноил шуданд.
Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳр, ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки саноатчиён дар ин давра фаъолияти хуб доштанд. Ин аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ, ба 1 миллиарду 167 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз ин миқдор ба маблағи 343,6 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 51,2 миллион сомонӣ бештар мебошад. Дар зарфи нуҳ моҳ 49 корхонаи нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис ёфта, шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 254-то расид. Танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав 292 шаҳрванд кори доимӣ пайдо кард. Ҳамзамон, аз тарафи 109 корхонаи хурду калон ба маблағи 584,6 миллион сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригашта 19,4 дарсад бештар аст.
Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна, ҷиҳати рушди иқтисодиёти шаҳр ба соҳаҳои алоқа, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ 21,4 миллион доллари ИМА сармояи хориҷию дохилӣ ҷалб гардид, ки 2,2 миллион доллар сармояи хориҷӣ, 6,5 миллион доллар сармояи мустақим ва 12,7 миллион доллар сармояи дохилӣ мебошад. Барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар шаҳр ду лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ – “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” ва “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” амалӣ мегардад. Аз аввали татбиқи лоиҳаҳо беш аз 23 миллион доллари ИМА корҳои азхудкунӣ ба иҷро расиданд, ки 2,2 миллион доллар ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Ба таъкиди Фирдавс Шарифзода, натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра имкон доданд, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ 111,4 дарсад ва маҳаллӣ 106,9 дарсад таъмин гардид. Дар раванди бунёдкорию созандагӣ бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 461,4 миллион сомониро ташкил дода, корҳои сохтмонию васлкунӣ ба маблағи 383 миллион сомонӣ ба анҷом расиданд.
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис меёбанд, ки баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас мебошад. Соли равон низ қарори раиси шаҳр «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси шаҳр» ба тасвиб расида, 40 зани соҳибкор, ҳунарманду эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ, 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд.
Дар асоси “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022”, ҳамасола курси семоҳаи “Зан сарвар” дар назди шуъбаи кор бо занон ва оила баргузор мегардад, ки то ин дам 180 нафар онро хатм намуд.
Баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва истироҳат барои ятимон чораҳои амалӣ андешида, ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ 38 ятим (18 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Раиси шаҳр дар доираи идҳои Қурбон ва Рамазон ба ҳар кадоме аз 81 ятим 500 сомонӣ тақдим кард.
Барои беҳтар кардани шароити манзили эҳтиёҷмандон ва фаъолияти кории хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба 8 эҳтиёҷманд тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ва ба 8 корманди ташкилоту идораҳои шаҳриву вилоятӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоии махсусгардондашуда аз фонди манзили давлатӣ хонаҳои истиқоматӣ ҷудо шуд.
Сокинони шарафманду сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободониву пешрафт, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллию истиқлоли давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти кишвар ҳиссаи арзанда мегузоранд ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳои доштаашон самаранок истифода мебаранд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”