Нақши шахсият дар раванди як давраи таърихӣ чӣ гуна аст? Тағйироту дигаргуниҳои баамаломада ногузир буданд ё не? Агар дар ин ё он давраи таърихӣ шахсияти маълум фаъолият намекард, чархи таърих чӣ гуна ва ба кадом самт ҳаракат мекард? Инҳо саволҳоеанд, ки зимни равиши таърих ҷавоб пайдо мекунанд. Ҳақиқати возеҳ ин аст, ки одамон таърихро меофаранд. Дар доираи ин саволҳо ва дар мисоли хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузорӣ ба он, Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, Корманди шоистаи Тоҷикистон, чунин ибрози назар кард:
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марзи шахсияти миллӣ берун баромада, чун шахсияти сатҳи байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд. Нақшашон дар арсаи байналхалқӣ ва дохилӣ баррасии васееро талаб мекунад. Ба арсаи сиёсат омадани эшон дар таърихи навини халқи тоҷик падидаи нодире буд. Чун ватанпарасте дар шароити душвор ба майдон омаданд, дар гирудори ҳаводиси мураккаб обутоб ёфтанд ва бошандагони Тоҷикистон хизматҳои барҷастаашро ба назар гирифта, ӯро ба ҳайси Пешвои миллат эътироф намуданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси симои барҷастаи сиёсӣ аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.
Академик Евгений Примаков дар бораи Сарвари кишвари мо навишта буд: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёдест, ки роҳбарии ҷумҳуриашро ба зимма дорад ва мамлакатро бо роҳи дуруст мебарад».
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намуна барои роҳбарони халқҳову мамолики дигар таъкид намуда, гуфта буд: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар». В. В. Путин таъкид мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар Ватани худ, балки дар хориҷа низ чун ходими барҷастаи сиёсӣ эътироф гардидааст: «Шумо миёни ҳамватанон эҳтироми шоистаро сазовор буда, дар хориҷа ҳамчун ходими сиёсии соҳибтаҷрибаву дурбин ва Пешвои ҳақиқии кишвари худ эътироф шудаед».
Нуқтаи болоро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як суханрониаш нисбат ба Пешвои миллат чунин тақвият додааст: «Сиёсати давлатии босамари Шумо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба инкишофи обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад».
Лозим ба ёдоварист, ки баргузор гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди тақдирсозе буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи буҳронӣ раҳо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории тоҷиконро дар охири қарни XX таъмин намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неру ва имкониятҳои сиёсиву дипломатии худро дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳалли қазияи ҳамсоякишвар – Афғонистон бахшидааст. Аз ин ваҷҳ, эшон чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷомеаи Афғонистон шинохта шуда, ба хизматҳояшон арҷгузорӣ намудаанд. Овардани суханони шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, дар ин бора ба маврид аст: «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».
Вақте сухан аз истиқрори сулҳу субот ва ваҳдат меравад, қабл аз ҳама, мо бояд омили асосии онро муайян намоем, ки дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва раванди созандагию бунёдкорӣ нақши ҳалкунанда бозидааст.
Зуҳури лидери умумимиллӣ ба тафаккури миллӣ ва ифтихороти миллӣ иртибот дорад. Зеро ифтихори миллӣ, ки дар муҳаббат ба Ватан ва таъриху фарҳанги он зоҳир мегардад, дар даврони соҳибистиқлол гардидани кишвар то андозае инкишоф ёфт ва барои рушди тафаккури умумимиллӣ дар ҷомеа заминаи муайян ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, тафаккури умумимиллӣ метавонад, лидери умумимиллиро тарбия намояд.
Бояд гуфт, ки лидери умумимиллӣ дар навбати худ шахсияти байналмилалист. Ва имрӯз бо боварии том гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон Сарвари умумимиллии Тоҷикистон маҳсуб гардида, аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа, намояндагони халқу миллатҳои сокини Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони созмону аҳзоби мухталифи сиёсӣ эътироф гардидааст ва дар сатҳи байналмилалӣ соҳиби обрӯю нуфузи баланд мебошанд.
Имрӯз тоҷикистониён дар фазои сулҳу оромӣ ба меҳнати бунёдкорона машғуланд ва итминон доранд, ки ба оромии кишвар осебе намерасад. Зеро ваҳдат омили муҳими тараққиёти ояндаи мамлакат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон шахсияти ҷаҳонӣ мебошад. Дар шароити мураккаби вазъи байналмилалӣ миллат ба сарвари эътирофшудаи умумимиллӣ эҳтиёҷ дорад. Лидери умумимиллӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ – Пешвои миллат кафили иттиҳод, якпорчагӣ ва ҳамраъйии ҷомеаи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва вазъи мураккаби байналмилалӣ мебошанд. Ана ҷавоби он саволҳое, ки дар оғози суҳбатамон садо дода буданд. Маҳз шахсияте дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид шуданд ва тавонистанд самти ҳаракати таърихи кишварро ба роҳи дуруст равона намоянд. Имрӯз саволи матраҳ ин аст, ки агар дар ин давраи таърихӣ шахси дигаре зимоми сиёсати давлатамонро ба даст мегирифт, ҷомеаи мо ва мо ҳар кадом сокини мамлакат дар куҷо қарор медоштем, вазъ оё чунин ором мебуд, мамлакат дар роҳи рушд қарор медошт? Ба назарам, ҳаргиз на!
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”