Бобоҷон Ғафуровро чун сиёсатмадору таърихнигори варзида дар аксари мамолики Шарқ хуб мешинохтанд. Ҳамин аст, ки шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз дар бораи олиму муҳаққиқи шинохта Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик, дар асл, бузургтарин фарзанди Машриқзамин мебошад».
Академик Бобоҷон Ғафуров бештари фаъолияти сермаҳсули хешро ба таърихи пурғановати миллати тамаддунофари тоҷик ва таълифи китоби “Тоҷикон” бахшидааст. Маҳз ӯ дар ин асари мондагораш собит намуд, ки халқи тоҷик аз қадимтарин мардумони Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.
Бешубҳа, хидматҳои аллома Бобоҷон Ғафуров дар назди халқи тоҷик бузург аст. Ба ҳамин хотир, ин хизматҳои олими маъруф аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат пайваста қадр мешавад. Аз ҷумла, моҳи декабри соли равон дар кишвар бо баргузории чорабиниҳои гуногун 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуровро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ҳамзамон, бахшида ба ин сана намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, академик Бобоҷон Ғафуров, осори ниёгон ва олимони давлатҳои хориҷӣ оид ба таърих, забон, адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки шахсияти Бобоҷон Ғафуров яке аз он шаҳсутунҳоест, ки бинои маънавиёт, бинои ҳастии фарҳанги миллатро барои Тоҷикистони навин нигаҳ дошт. Аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бобоҷон Ғафуров аз шахсиятҳои миллатсоз буда, дар раҳоии миллат аз вартаи нестӣ нақши бузурге гузоштааст.
Сарвари давлат дар қисми ниҳоӣ, бахши панҷуми китоби бунёдии худ «Чеҳраҳои мондагор» панҷ нафар Қаҳрамони Тоҷикистон: Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаро зикр намудаанд. Муаллифи китоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайроҳаи пуршебу фарози зиндагии онҳоро омӯхтаанд. Онҳо бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор мераванд ва умри азизи худро баҳри ташаккули худшиносии миллӣ, боло бурдани маънавиёти ҷомеаи худ ва ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ сарф кардаанд.
Аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон, хизмати шоистаи Бобоҷон Ғафуров таълифи китоби “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” алайҳи онҳое, ки ҳасти миллати тоҷикро инкор мекарданд, мебошад. Аз ҷумла, дар ин маврид Пешвои муаззами миллат дар асари “Чеҳраҳои мондагор” чунин нигоштаанд: “Нашри ин асар дар ҳамон давра аз ҷасорату матонат ва ватанпарварии Бобоҷон Ғафуров шаҳодат медод. Асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохт”.
Волоияти асари бунёдии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як сарчашмаи мустақил дар шинохти чеҳраҳои мондагор, бахусус муайян намудани ҷойгоҳи Бобоҷон Ғафуров, таҳаввули афкори сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангӣ, манбаи муътамади таҳқиқии зиндагинома ва кору пайкори фарзонафарзандони миллати тоҷик маҳсуб мешавад.
Лола РИЗОӢ,
“Ҷумҳурият”