Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаву “дарҳои кушода”-и Ҳукумати кишвар, мероси моддиву ғайримоддии бузурги фарҳангӣ ва таърихии миллатамон дар арсаи байналмилалӣ ҳарчи бештар муаррифӣ ва аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини башарӣ эътироф мегардад.
Боиси сарфарозист, ки 17-уми сентябри соли 2023 дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гашт, нуҳ ёдгории таърихию фарҳангии Шоҳроҳи бузурги Абрешим: долони “Зарафшон – Қароқум” ба Феҳристи асосии мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Ёдгориҳои мазкур аз Панҷакенти Қадим, Қалъаи Санҷаршоҳ, Қалъаи Ҳисорак, Гарданаи Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтӯда, низоми обёрикунии Тӯқсанкорез ва Оромгоҳи Муҳаммад Башоро иборат буда, панҷтои онҳо дар ҳудуди Панҷакенти бостонӣ ҷойгиранд.
Дар ин миён, оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро (деҳаи Мазори Шариф) яке аз иншооти зертобеи Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент” мебошад.
Хиштҳои нахустини ин ёдгорӣ дар асри XI – замони ба авҷи аъло расидани санъати меъморӣ дар Осиёи Миёна, гузошта шуд. Солҳои 1342-1343 даромадгоҳи калони пешравоқдор бо сафоли сирноки ранга кандакорӣ гашта, тарафҳои чап ва рости даромадгоҳи пешравоқ бо кошинкории гилнок ба тарзи кандакории ҳандасӣ ороиш ёфтааст.
Сутунҳои аз лой сохташудаи ду тарафи кунҷҳои пешравоқро катибаҳои махсуси кандакоришуда зинат медиҳанд. Дар охири яке аз катибаҳо санаи сохтмон соли 743-и ҳиҷрӣ (солҳои 1342-1343) сабт гардида, бо мисраҳои зерин ба анҷом мерасад:
Ҳар кӣ аз мо кунад ба некӣ ёд,
Номаш андар ҷаҳон ба некӣ бод.
Оромгоҳ дар баландӣ бунёд ёфта, пешравоқаш ба ҷониби пайроҳаи канори дарёчаи кӯҳӣ нигаронда шудааст, ки ба он манзараи ҷаззоб мебахшад. Ёдгорӣ дар майдончаи нисбатан хурд ҷойгир буда, аз се тараф онро арчаҳо иҳота менамоянд. Намои бадеии мақбара бо пешравоқу деворҳои зинатдодашуда гувоҳӣ медиҳанд, ки он яке аз ёдгориҳои беҳтарини асрҳои XI-XIV дар Осиёи Миёна ба шумор меравад.
Дар ин ёдгорӣ хонаҳои асосӣ ба таври вижа пайваст гардида, бо деворҳои мустаҳкам аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Ҳамзамон, дар дохили хонаҳои асосӣ ҳуҷраҳои алоҳида ҷойгиранд, ки таъйиноти онҳоро муқаррар намудан душвор мебошад. Дар даромадгоҳи асосии мақбара аввал ба толори васеи гунбаздор вомехӯрем, ки чор тарафи он аз меҳробҳои шаклу ҳаҷмашон якхела иборатанд. Меҳроб ҳамчун даромадгоҳе, ки толори марказиро бо дигар ҳуҷраҳо пайваст менамояд, хидмат мекунад.
Гурӯҳи ҳуҷраҳои тарафи рости мақбара дорои як даромадгоҳи асосӣ мебошанд. Даромадгоҳи мазкур бо намои аслиаш бетағйир боқӣ мондааст. Ҳуҷраҳои тарафи чапи мақбара бошанд, айни замон даромадгоҳи мустақил надошта, бо толори асосӣ тавассути як даромадгоҳи хурд, ки аз кунҷи чапи толор ҷойгир мебошад, пайваст гардидаанд. Дар муқоиса бо ҳуҷраҳои ҷониби рост, тарафи чапи толор аз чор ҳуҷра, ки нисбатан ҳаҷмашон хурд мебошанд, иборат аст.
Инчунин, якчанд сағонаҳои бузургҳаҷм, ки дар се ҳуҷра ҷойгиранд, диққатҷалбкунандаанд. Тавре зикр шуд, вобаста ба ин ёдгорӣ як қатор масъалаҳо ҳоло ҳам ҷавоби худро наёфтаанд. Яке аз масоили аҷиби он, масъалаи барқарории намои меъмории аслии ин ёдгорист. Аксари муҳаққиқон чун қоида нисбат ба давраҳои гуногуни ёдгорӣ баҳогузорӣ намудаанд. Боиси таассуф аст, ки нисбат ба ин масъала хулосаи дақиқ пешниҳод нагардидааст. Айни замон, то ба итмом расидани таҳқиқоти хамаҷонибаи ёдгорӣ дар маҳал, пешниҳоди баъзе хулосаҳои нисбатан дақиқ мувофиқи мақсад аст.
Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро бо сохти худ дар асрҳои ХI-XIV камназир буда, дар зинатдиҳии он намудҳои гуногуни санъатҳои баланди меъморӣ – кандакории рӯи чӯб, кандакории гили пухта, кошикории мунаққаш, гилкории ороишӣ истифода шудаанд, ки мислашон дар меъмориҳои дигари Осиёи Миёна ба назар намерасанд.
Ин ёдгориро вобаста ба санъати меъморӣ А. А. Семёнов, М. Е. Массон, В. Чейлитко, А.Ю. Якубовский, JI. С. Бретанитский, B.JI. Воронина, К.С. Крюков, А. Н. Дяконов, С. Хмелнитский, Т. Туренкулов ва Н. Туренкулова, А. Мухторов, А. Шарифзода, Г. Каримова ва дигарон таҳқиқ намуда бошанд ҳам, ҳанӯз асрори кашфношуда дар он нуҳуфтаву қобили таҳқиқ мебошад.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент”