Осмони сияҳабр торафт тиратар гашта аз борон дарак медод. Шамоли сахт дарахтонро гӯё аз реша баркандан мехост. Гӯё табиат ҳам аз фоҷиаи хунини ба сари мардуми тоҷик таҳмилшуда синачок асту дарду доғи дили фигори онҳоро бо борон шустанӣ буд, зеро дар кӯҳу дашту даман, рустою шаҳр хониши парандаҳо, хандаи беғаши кӯдакон, суҳбати пиру барноро ғулғулаи тиру туфанги маргбор гирифта, навҳаи ҷонгудози модарони фарзандбохтаро ба само мехезонд.
Он вақт хурдсол будам ва вожаи “ҷанг” дунёи беғамии ман ва ҳазорон ҳамсолонамро барҳам зад. Ҳар рӯз пеши чашмам хонаи нафаре ба коми оташ мерафт, ҷасади ҷавони ғӯрамаргеро меоварданд, пирони аз гуруснагӣ ҷонбохтаро ба хок месупурданд...
Падару модарон рӯи ҷойнамоз даст ба дуо аз Парвардигор хатми ҷанг мехостанду сулҳу оромӣ. Аз Эзиди пок чорагаре, сулҳоваре, ободгаре таманно доштанд, ки пеши роҳи ҷангро гирифта, Ватанро аз фаношавӣ вораҳонаду мардумашро боз ба ободӣ раҳнамун гардад. Барҳақ мегӯянд, ки дуои халқ бе қабули Ҳақ намонад.
ШОМЕ, КИ МУЖДАИ СУБҲ ОВАРД
Он шоми моҳи ноябри соли 1994 дарвозаамонро кӯфтанд. Падарам оҳиста дарвоза кушода, аз гӯшакӣ кардани мардони ҳамсоя ба таҳлука афтод. Дар як дам ба сари падару модари омӯзгорам ҳазору як фикру хаёл омад. “Ҳа, Туйчибек, ба хайр аст?” – пурсид падарам хавотиромез. «Ба хайр», – гуфтани ҳамсоя каме оромиш бахшид, ки меҳмонҳоро ба хона хонд. Ростӣ, чизе хӯрданӣ надоштем, ки модарам дастархон кушояд. Ҳамсояҳо инро пай бурданд шояд, ки ба хона надаромаданду яки онҳо “Саъдоншо, радиоят кор мекунад?” – гуфта пурсид. Дигаре афзуд: “Дирӯз дар шаҳри Душанбе аз байни вакилон ҷавонмарде раҳбари давлат, яъне Президент интихоб гардид. Ӯ дар назди ҳама ваъда додааст, ки пеши роҳи ҷангро мегираду ба ҳамаи мо сулҳ меорад. Кошки гуфтаҳояш мешуд!”
Воқеан, он шом тариқи радио каломи умедбахши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ба шумо сулҳ меорам”-ро шунида, марду зани деҳа ашки шодӣ мерехтанд, ки ин шоми сиёҳро субҳи умед дар пеш аст.
РУҲАФТОДА НАБОЯД ШУД
Сар карда аз он шом ҳар бегоҳ ҳамсояҳо пинҳонӣ аз силоҳдорон ба хонаамон меомаданд, барои шунидани барномаи «Ахбор»-и Радиои Тоҷикистон, бахусус гӯш додан ба каломи руҳбахши Сарвари давлат, ки бо умед аз зиндагии оянда ҳарф мезаданд, моро ҷони дигар мебахшид. Яке мегуфт: “Агар ин миллату давлат, ки бо ҷонбозиҳои ҳазорон фарзандони шуҷоаш бино шудааст, аз даст равад, мо ғуломи ягон давлате мешавему рӯзамон сиёҳ мегардад”. Дигаре бо ҳасрат аз Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафурову Нусратулло Махсум ҳарф мезаду сеюмӣ бо дили пур мегуфт: “Руҳафтода набояд шавем. Ба ояндаи неки миллату давлатамон бояд умед бандем. Чунки ин роҳбари ҷавон, албатта, наҷотбахши ҳамаи мову шумо, сарзамини азизамон мешавад. Худатон шунидед, ки чи гуна қатъӣ гуфт: “Агар лозим шавад, ҷон нисор карда сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бармегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик берун аз хоки кишвар умр ба сар мебарад, ором нахоҳам буд”.
Ҳамин тавр, аз фаъолияти самарабахши фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзу ҳафтаҳо пайи ҳам мегузаштанду фазои кишвар батадриҷ дигар мешуд. Ахтари иқболи мардум аз нав нурафшон мегашт. Бо ҷонбозиҳою ободкориҳои Пешвои муаззам аз харобаҳо нишоне намонд, иқтисоди зонузада аз нав қомат рост кард, одамон боз аз пайи ободии рӯзгор шуданду ҷавонон аз пайи таҳсил, то ки Ватани хешро оростаю пероста гардонанд. Ин ҳама таҳаввулоту ободкориро мо дар ҳама навоҳии кӯҳистон ба чашми худ дидему мебинем. Хоса, дар ҳаёти духтарону занон.
АФСОНАЕ, КИ БА ҲАҚИҚАТ ТАБДИЛ ЁФТ
Дар ҳақиқат, он солҳо таҳсил на танҳо дар мактабҳои олии кишвар, балки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ барои духтарон душвор буд. Сари ҳар қадам силоҳбадастон орзуҳои духтаронро барбод медоданд. Духтарони нав-расро ба никоҳ дароварда, дар як муддати кӯтоҳ онҳоро дар чорсӯи зиндагӣ танҳо мегузоштанд. Пас аз рӯ ба рӯ шудани чунин бадбахтӣ, ояндаи онҳо бо як кӯдаки аз дунё бехабар чӣ мешуд? Хушбахтона, ҳоли зори духтарони рустоӣ бидуни таваҷҷуҳ намонд. Соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии ҷумҳурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҷалби бештари занону духтаронро ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва мансабҳои давлатӣ ба миён гузоштанд. Худи ҳамон сол ҷиҳати соҳибмаълумот шудани занону духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, Квотаи президентиро ҷорӣ намуданд. Дар он рӯзҳои даҳшатнок ҳанӯз ҳам таъсири ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боқӣ монда буд ва касе тасаввур карда наметавонист, ки ин иқдоми Президенти кишвар як таҳаввулоте дар рӯзгори мардум, бахусус ҷавондухтарони деҳотӣ, мегардад. Боиси хушбахтист, ки имрӯз дар деҳот барои ба даст овардани Квотаи президентӣ ҷиҳати идомаи таҳсил ҳамасола аз моҳи февралу март волидон ба шуъбаи маориф мераванду духтаронашонро дар рӯйхат номнавис менамоянд. Яқин аст, ки иқдоми пешгирифтаи Роҳбари давлатро мардуми рустоӣ хуш пазируфтаанд. Зиндагӣ ва кору фаъолияти имрӯзаи духтарони кӯҳистон ҳамон афсонаест, ки ба ҳақиқат табдил ёфт.
ҚАЛБЕ, КИ БА ХОТИРИ ОСУДАГИИ МАРДУМ МЕТАПАД
Дарвоқеъ, ҳаёт собит кардааст, ки таърих дар ҳар замон шахсони бузургу наҷотбахшеро рӯи саҳна меорад, ки дар сарнавишти халқу миллати худ нақши мондагор мегузоранд. Имрӯз миллати тоҷик абармарде мисли Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки бо ҷонфидоиҳои хеш номи Тоҷикистонро дар минбарҳои баланд ҳамчун давлату миллати сулҳҷӯю ваҳдатсаро софдилона, содиқона, самимонаву тоҷикона муаррифӣ мекунад. Ин марди хирад на танҳо барои тоҷикон, балки ба тамоми аҳли башар идеал гаштаанд. Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва муборизи роҳи озодӣ чунин гуфта буд: "Ман имрӯз Сарвари шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ бо паёми сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст, сулҳ биорад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии мо дар солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем".
Бештари форсизабонони дунё низ доштани чунин роҳбарро орзу мекунанд. Роҳбаре, ки қалбаш танҳо барои осоиштагии мардумаш метапад. Роҳбаре, ки хушбин аст. Роҳбаре, ки ғамхори хурду бузург аст.
Гулнисои САЪДОНШО, "Ҷумҳурият"