Дар рӯзҳои фарорасии фасли зимистон китоби адиб ва рӯзноманигори номдор, зодаи водии файзбори Шоҳдара Лутфишоҳи Додо бо номи “Ӯ дили Бадахшон буд” ба дастам расид, ки ба фаъолияти пурбаракати бобои номвараш Гадоалӣ Қурбоншоев, яке аз аввалин роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вазири вақти саноати сабуки кишвар бахшида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон Лутфишоҳи Додо муаллифи китобҳои "Нури зиё", "Азизхон", Бартанг – минбари Бадахшон", "Гуроз", "Хонаи баҳор", "Суруши қалам" низ мебошаду дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутист. Устод, ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тараннумгари Бадахшони дилнавоз аст ва ин сарзамини зебою пурасрор аз мавзуъҳои асоситарини мақолаҳо, очерку лавҳа, ҳикоя, повест, достону шеърҳои журналист ва адиби номдор Лутфишоҳи Додо мебошад.
Рӯзноманигорони варзидаи вилоят Раҳмонқул Раҳмонқулов, Муфарраҳ Шодиев, Назрулло Хайруллоев, Шоҳтолиб Шоҳқосимов, Қурбон Аламшоев, Шонаврӯз Афзалшоев ва дигарон ӯро дар радифи беҳтарин адибон ва рӯзноманигорони Бадахшон ва кишвар ном мегиранд.
Наздик ба шаст сол мешавад, ки Лутфишоҳи Додо дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ва радио маводи хонданӣ ба нашр мерасонад ва мешунавонад.
Ӯ ҳанӯз аз овони наврасӣ дар дил орзуе дошт, ки рӯзноманигор бишавад. Бо ҳамин умед мақолае навишт ва он дар рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи сурх» ба чоп рафт ва аз ҳамон вақт натавонист дигар аз ин соҳаи мушкилу дар айни ҳол пурифтихор дил канад. Баъд бо рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» пайваст. Ёд дорам, соли 1966 дар рӯзномаи вилоятӣ хабари Лутфишоҳи Додо бо номи «Чӯпон аз деҳаи Хабост бо таёқ палангро кушт», чоп мегардад. Ин мавод дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), сипас дар «Правда» интишор мешавад. Ҳамин воқеаи он вақтҳо нодир номи Лутфишоҳро вирди забон месозад. Ҳамон рӯзҳо Хушназар Ақназаров, сармуҳаррири рӯзномаи «Бадахшони советӣ», ба ӯ гуфта будааст: «Метавонӣ аз ҳамин соат худро рӯзноманигор пиндорӣ».
Аз соли 1971 барои кор ба радиои Тоҷикистон даъват мешавад. Тайи зиёда аз бист сол дар ин даргоҳи муқтадири иттилоотӣ дар вазифаи хабарнигор ва сипас мудири шуъбаи сиёсӣ ва ҳаёти байналхалқӣ ва дар як вақт ходими «ТоҷикТа», ҳоло АМИТ «Ховар» софдилона адои вазифа менамояд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор