Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳои зиёде ба ҷо оварда мешаванд.
Тибқи иттилои узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода сокинон аз он шоду мамнун ва сипосгузоранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон миёни роҳбарон ва фаъолони ноҳия 15-уми августи соли ҷорӣ ба мардуми Дарвози куҳанбунёд барои ҳиссаи назаррасашон дар ободии диёр изҳори миннатдорӣ намуданд.
Роҳбари давлат аз ҷараёни хуби навсозии қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, бунёди пули нақлиётгузар дар мавзеи Гулдара (Девдараи пештара), инчунин, симои нав ва дилкаш гирифтани маркази ноҳия, мумфаршу чароғон гаштани роҳу кӯчаҳои шаҳраки Қалъаихумб ва рушди бомароми деҳот, алалхусус рустоҳои дурдаст ва баландкӯҳ, изҳори қаноатмандӣ карданд. Қариб 90 дарсади ҳамаи ин ободкорӣ, бунёдгарӣ ва созандагиҳои беқиёс дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастони ҷавонони соҳибкасб ба ҷо оварда мешаванд.
Дар маҷмуъ, дар роҳи ба амал баровардани чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар дар ноҳия корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Ҳоло дар Дарвоз, ин ноҳияи дар рушди устувор қарордошта, макони аҳолинишине нест, ки роҳи мошин надошта бошад ва ё сокинон аз неруи барқ маҳрум бошанд. Натиҷаҳои кор дар бахши таъмини амнияти озуқаворӣ низ шоёни таҳсин мебошанд. Имрӯзҳо амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз бомаром идома доранд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор