Рӯзи Президент рӯзи миллат аст. Ҳар нафари огоҳ аз таърихи се даҳсолаи охири давлатсозии миллӣ хоҳиши чизе дар ин рӯз гуфтан дорад.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба ҳамин хотир дар арафаи ин рӯзи муборак ба як зумра шахсиятҳои фарҳангиву сиёсии мамлакат минбар дод, то хостаҳои худро дар бораи хидматҳои шоистаи таърихӣ ва давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзур намоянд.
МАРДЕ, КИ КОРИ САДСОЛАРО ДАР 32 СОЛ АНҶОМ ДОД
Миллати тоҷик дар масири беш аз се даҳсолаи Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти давлатдорӣ корҳоеро ба сомон расонд, ки барои бархе аз халқу миллатҳо анҷоми ин корҳо дар тули садсолаҳо имкон надодааст. Аз ин ҷост, ки дар таърихи давлатдории навин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари соҳибмактаб, арбоби давлатӣ, балки чун Пешвои ҳақиқии миллат эътироф гардидаанд. Эмомалӣ Раҳмон, дар тули солҳои роҳбарии худ мактаби давлатдориеро бунёд гузоштанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаву мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, миллат ба роҳбари воқеӣ, ба Пешвои мушфиқ, боирода, ботадбиру ташаббускор ниёз дошт, ки аз мушкилиҳо наҳаросида, миллатро сарҷамъ намояд, бо дӯсту душман забон ёбад, яъне бо дӯстон мурувват кунад ва бо душманон роҳи мадороро пеш бигирад. Дар маҷмуъ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сиёсии худро мустаҳкам ва баҳри ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва хатарҳои башарӣ ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намудаанд, ки обрӯ ва эътибори мактаби давлатдории Пешвои миллатро боло бурд.
Абдухалил ҒАФУРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
БО ПРЕЗИДЕНТАМ ИФТИХОР ДОРАМ!
Дар солҳои душвору сангин Тоҷикистонро роҳбарӣ кардан кори осон набуд. Воқеаҳои солҳои 90-ум барои насли наврас тасаввурнопазир аст, барои онҳо он чи мо аз сар гузарондем, афсонае беш нест. Низом ва сохти давлатдорӣ вайрон шуд, беҳтарин мутахассисон рафтанд, дар гирду атроф бесарусомонӣ ва парешонӣ ба вуқуъ пайваст, тарс дар хонаи шаҳрвандони кишвар маъво гирифт. Ба назар чунин менамуд, ки ин бесарусомонӣ ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад. Касе ба касе, фарде ба фардо бовар надошт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз торикӣ ба равшанӣ расонданд. Маҳз бо азхудгузаштанҳои ӯ Ватан аз вартаи нестшавӣ наҷот ёфт ва ба кишваре табдил гашт, ки дигар давлатҳо онро мепазиранд. Ман ҳамчун духтари Турсун Ӯлҷабоев, яке аз собиқ раҳбарони Тоҷикистон дар солҳои 50-60-ум метавонам бигӯям, ки дар паси ин ҳама эҳёгариҳо Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Президенти мо ба минбарҳои баланди ҷаҳонӣ баромада, номи Тоҷикистонро ба тамоми сокинони сайёра гӯшрас намуданд, ба ҳама собит намуданд, ки бо номи Тоҷикистон кишваре ҳаст, онро бояд шинохт!
Манзура ӮЛҶАБОЕВА,
муовини раиси Иттифоқи
дизайнерони Тоҷикистон
БАХТИ БАЛАНДИ ҲУНАРПЕША
Дар ҳаёт ноумедиҳое маро ба кӯчаҳои сарбаста афканд. Раҳ ба раҳ аз боби касби интихобкардаам меандешидам. Таманнои дилам санъаткор шудан буду халос. Чи талошҳое мекардам, то ба муроди дил бирасам. Дуои неки падар ва модарам қадам ба қадам маро фатҳу кушоиш медод. Суруду навозишҳои ман дар созҳои мусиқӣ оҳиста-оҳиста аз синф ба синф, аз толор ба толор, аз деҳа ба деҳа, аз шаҳр ба шаҳр то вилояти Суғд танин меандохту ҳар ҷо-ҳар ҷо мухлисонам маро мепазируфтанд. Мехостам боз парвози баланд дошта бошам, аммо он ҳама шебу фароз ва дасти мушкилиҳои зиндагӣ монеи иҷрои орзуҳои наҷиби ман мегаштанд. Дар чандин чорабиниҳои фарҳангӣ, ки бо иштироки Пешвои миллат баргузор мегаштанд, аз кору эҷодам мепурсиданд. Таваҷҷуҳи падаронаи ӯ бароям ногаҳонӣ буд ва дар дилам нишоти бештаре пайдо шуд. Соли 2010 бо дастгирӣ ва супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ман аз Ансамбли шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд”-и вилояти Суғд ба ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадам. Аллакай 13 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат дар ансамбли “Дарё” ва ҳам дар Ансамбли “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият бурда, дар рушду сайқали истеъдоди хеш мекӯшам. Тули ин солҳо дарк кардаам, ки Президенти мамлакат чун сиёсатмадори бохирад ва фарҳангпарвар ба тамоми фаъолияти эҷодии санъаткорон таваҷҷуҳи хосса доранд. Ногуфта намонад, ки соли 2023 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони баланди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидам. Магар аз ин зиёда бахте ҳаст? Нест!
Гулбаҳор ШОКИРОВА,
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СОҲИБИ САНЪАТИ НОЗУКИ СИЁСӢ
Президенти мову шумо бо иқболи худододӣ, бо ғурури миллӣ ва андешаву тафаккури муттаҳидиву созандагӣ камари ҳиммат дар бунёди давлатдорӣ барбастанд. Дар як давраи кӯтоҳ миллатро бо таъриху фарҳанги ғанӣ дар арсаи олам муаррифгар шуданд. Дар гирудори ниҳоят пуртазоди ҷаҳони имрӯз сохтани давлати миллӣ кори саҳлу сода набуд. Лек бо иродаи қавӣ ва шикастнопазир алайҳи ҳама нотавонбиниҳо ва мушкилоти марзиву бархӯрдҳои сиёсиву иқтисодӣ, бо санъати баланди нотакрор миллатро сарҷамъ ва давлатро бо ифтихор ба сӯйи шукуфоӣ роҳнамоӣ карда истодаанд. Бо шахсияти Президенти беназирамон ифтихорманд бошем ва ин осоиштагиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем ва ҳар як дастуру роҳнамоии Пешвои муаззами миллатро аз дилу ҷон ба иҷро расонем.
Ғазалшо САФАРЗОДА, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон
ҒАМХОРИҲОИ ПАДАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БОНУВОН
Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ва ноустувории амнияту суботи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардондани нақши онҳо, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расонданд. Аз ҷумла, баланд бардоштани мақоми зан ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон ҳамеша дар мадди назари ин абармард қарор дорад.
Маҳз дастгириҳои хирадмандонаи ин марди бузург имкон дод, то мо тавонем дар ҷомеа мавқеи хоси худро касб намоем. Замоне аз тарси силоҳбадастон имкон надоштем, ки нафаси озод кашем. Имрӯз мо – занони рустоӣ ҳама кӯшишу талоши худро ба харҷ медиҳем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат сидқан саҳми худро дар пешрафти соҳаҳои гуногун ва ободию гулгулшукуфоии Ватани азизамон гузорем.
Назригул ШАМСИЕВА,
раиси шаҳраки Дарбанди
ноҳияи Нуробод
“ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”
Боз як қадами ҷиддӣ дар таҳкими илми ватанӣ
Мусаллам аст, ки дастовардҳо дар дилхоҳ соҳаи ҳаёти ҷомеа, бахусус илм, аз сиёсати созанда ва ба манфиати аҳолии кишвар нигарондашудаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари он вобастагии амиқ доранд. Маҳорати баланди идоракунии давлат ва ташкилгарӣ, донишҳои асил ва илмии Сарвари муҳтарами мо, Эмомалӣ Раҳмон барои рушди босуръати соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мусоидат кард.
Сарвари оқилу фарзонаи тоҷикон дар фаъолияти худ барои рушди илм дар кишварамон ва ба талаботи замон мутобиқ намудани он аз роҳу равишҳои гуногун ва муассир истифода намудаанд. Роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат, ба ин самти ояндасози миллист.
Иҷобатулло АКРАМОВ,
директори Маркази ҷумҳуриявии
таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти
техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва
васоити экспедитсионӣ»-и назди АМИТ
ВАНҶ МУНАВВАРТАР ШУД АЗ ИҚДОМИ ПЕШВО
Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати кишвар, Вазорати энергетика ва захираҳои об, инчунин, ширкати “Помир энерҷӣ” дастуру супориши қатъӣ дода буданд, ки хатти баландшиддати барқи Шидз – Деҳ – Язгулом – Даштакро бунёд намоянд. Масъулини соҳа ин вазифаро соли гузашта бо сарбаландӣ ба ҷо оварданд. Баробари ба истифода супурдани ин хатти баландшиддати барқии 110-киловолта саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ, ба занҷири ягонаи энергетикии мамлакат пайваст. Ба дурдасттарин минтақаи аҳолинишини водии Язгулом, деҳаи Зайч дар масофаи қариб 10 километр хатти барқ бунёд гардид. Алҳол бунёди чунин хатти баландшиддати барқи шаҳраки Ваҳдат – маркази ноҳия аз ҷониби ширкати “Помир энерҷӣ” бомаром идома дорад. Ба ҳолати имрӯза иқтидори умумии маҷмааи минтақавии энергетикии ноҳия 2,6 мегаваттро ташкил менамояд.
Сайдамиршо ШАРИПОВ, ноҳияи Ванҷ
РОҲНАМОИ БОНУВОНИ КӮҲИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ва ором сохтани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ, соли 1997 Квотаи президентиро барои духтарони кӯҳистон таъсис доданд, ки ин орзуи деринаи онҳо буд. Роҳбари кишвар шароит фароҳам оварданд, ки мо – духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар шомил гардида, барои рушду инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистон хизматҳои арзанда ва софдилона намоем. Ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат имкон дод, то ба воситаи квота садҳо духтарони дар орзуи таҳсилбуда муассисаҳои олии кишварро хатм намоянд.
Аз ин лиҳоз мо – духтарони сипосгузор худро духтарони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобем.
Гулчеҳра ПИРМАТОВА,ассистенти ДОТ дар ноҳияи Рашт
Лола РИЗОӢ, Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”