Моддаи 1. Ба моддаи 64 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, № 1, мод. 6; с. 2012, № 7, мод. 721; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 388, № 12, мод. 821; с. 2015, № 11, мод. 953; с. 2016, № 5, мод. 360; с. 2018, № 1, мод. 6; с. 2019, № 1, мод. 6, № 6, мод. 314; с. 2020, № 7-9, мод. 603; с. 2021, № 12, қ. 2, мод. 691; с. 2022, № 1-3, мод. 6, мод. 7, № 7, мод. 440, № 12, қ. 2, мод. 770), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар қисми 2 калимаҳои «парвандаи граждании» ва «парвандаи гражданӣ» мувофиқан ба калимаҳои «парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии» ва «парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «Ҳукми» ва «ҳукми» мувофиқан ба калимаҳои «Санади» ва «санади» иваз карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Санади эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ оид ба парвандаи иқтисодии қаблан баррасигардида барои суди юрисдиксияи умумӣ, ки парвандаҳои маданӣ ва оилавиро баррасӣ мекунад, ҳатмӣ буда, оид ба ҳолатҳое, ки бо санади судии суди иқтисодӣ муқаррар карда шудаанд, ҳангоми баррасии парвандаи дигар, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешавад ё мавриди баҳс қарор намегирад.».
- қисмҳои 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 1987
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1117
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 409