Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз 1 марти соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 130; с. 2006, № 3, мод. 150; с. 2008, № 6, мод. 449, № 10, мод. 799; с. 2012, № 8, мод. 822; с. 2014, № 11, мод. 661; с. 2018, № 1, мод. 11; с. 2020, № 12, мод. 911; с. 2021, № 6, мод. 387) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ҷумлаи чоруми қисми 2 моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ адо мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, танзим карда мешаванд.».
2. Дар қисми 1 моддаи 2, қисми 1 моддаи 21 ва моддаи 24 калимаҳои «ӯҳдадории умумии» ба калимаи «уҳдадории» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 8 моддаи 2 калимаҳои «дар вазъияти фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона» ба калимаҳои «дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 5:
- ба номи модда пас аз калимаи «Ҳифзи» калимаи «ҳаёт,» илова карда шавад;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Бо мақсади таҳкими интизоми ҳарбӣ, тартибот ва қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии дигар, инчунин барои пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ (дар ҷойҳои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ) бояд камераҳои назорати видеоӣ насб карда шаванд.».
5. Дар моддаи 10:
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «(хизмати ҷангӣ)» калимаҳои «, баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми 8 калимаҳои «дигар давлатҳо тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «давлатҳои дигар, инчунин хизматчиёни ҳарбие, ки дар баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ тибқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд,» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 15 калимаҳои «ҳамасола» ва «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кӯмаки рӯҳӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳар шаш моҳ» ва «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 6 моддаи 16 калимаи «Зарари» ба калимаҳои «Зиён ва зарари маънавии» иваз карда шавад.
8. Дар қисми 4 моддаи 21 калимаи «панҷ» ба калимаи «даҳ» иваз карда шавад.
9. Моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 23. Имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронҳои иловагӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ уҳдадориҳои хизмати ҳарбиро иҷро менамоянд ва аъзои оилаи онҳо
1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба таври доимӣ ва муваққатан вазифаҳоро дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ иҷро мекунанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷуброни пулии иловагӣ дода мешаванд.
2. Барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифа дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҳалок шудаанд, имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷуброни пулии амалкунандаи нисбати аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокшуда татбиқ мегардад.».
10. Дар моддаи 24:
- қисми якум рақамгузорӣ карда шавад;
- ба муқаддимаи қисми якум пас аз калимаҳои «бехатарии давлат» калимаҳои «ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ» илова карда шаванд;
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Хизматчиёни ҳарбӣ уҳдадоранд, ки талаботи бехатарии хизмати ҳарбиро донанд ва риоя кунанд, саломатии худро нигоҳ доранд.»;
- қисми дуюм мувофиқан қисми сеюм ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад.
11. Ба қисми 3 моддаи 25 пас аз калимаҳои «офатҳои табиӣ,» ва «Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан калимаҳои «баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ,» ва «, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 1991
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1099
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 413