Моддаи 1. Ба моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» аз 2 апрели соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, № 4-5, мод. 236) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Маблағи хизматрасониҳои давлатии музднок тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 2007
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2023, № 1125
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 429