Мир24. Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва муовини Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб Мансур бин Зоид оли Наҳаён зимни вохӯрӣ таъкид карданд, ки ҳамкории Ашқобод ва Абу-Даби таҷрибаи чандинсолаи мусбат дорад.
Тарафҳо дар бораи инкишоф додани муносибатҳои байнидавлатӣ ба тавофуқ омаданд. Меҳмон зикр кард, ки ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи алоҳида дода мешавад, зеро ба ин кор соҳибкорони кишвараш таваҷҷуҳи хосса доранд. Амороти Муттаҳидаи Араб, аллакай, дар муомилоти савдои берунии Туркманистон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад.
Заминларзаи нав дар вилояти Ҳатайи Туркия
Мир24. Дар вилояти Ҳатайи Туркия, ки аз заминларзаи шадид зарар дида буд, рӯзи душанбе ду заминларзаи нав ба амал омад: якум бо қувваи 6,4 балл ва баъд аз се дақиқа бо қувваи 5,8 балл. Дар Лубнон, Исроил, Кипр ва Сурия заминларзаи шадид ҳис карда шуд.
Дар Туркия ва Сурия баъзе сохмонҳое, ки зимни заминҷунбии 6 феврал тоб оварда буданд, ба зилзилаи нав побарҷо наистоданд. Масалан, пули 100-метрае, ки ба беморхонаи вилояти Ҳатайи Туркия мебарад, 10 сантиметр аз ҷояш беҷо шуд. Ҳоло ҳаракат дар он қатъ гаштааст. Мутаассифона, заминҷунбии навбатӣ низ, боиси ҳалокат ва ярадор шудани сокинон гардид.
Россия ба давраи нави рушди иқтисодӣ ворид шудааст
RT. Дар ин бора Владимир Путин, Президенти Россия, зимни суханронӣ дар паём ба Маҷлиси федералӣ изҳор дошт.
«Мо, воқеан, ба давраи нави рушди иқтисодӣ ворид шудем. Ба гуфтаи коршиносон, модел ва сохтори он хусусияти сифатан дигар касб мекунад”, – гуфт Путин.
Сарвазири Россия Михаил Мишустин зикр кард, ки мақомоти Россия тавонистанд аз таҳаввулоти манфии иқтисод пешгирӣ намоянд, аммо бо назардошти омилҳои беруна ҷараёни рушди кишварро тақвият додан лозим аст.
"Ба шарофати кори муштараки Ҳукумат, парлумон, Бонки Россия, субъектҳои федератсия ва, албатта, ҷомеаи тиҷоратӣ, коллективҳои меҳнатӣ мо устувории вазъи иқтисодиро таъмин кардем", - гуфт Путин.
Ба гуфтаи ӯ, Россия тавонист ҷойҳои кориро ҳифз ва аз камбуди мол, аз ҷумла молҳои зарурӣ, ҷилавгирӣ намояд.
Мулоқоти Лукашенко бо Бжания
Gazeta.ru. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Роҳбари Беларус, Президенти кишвар Александр Лукашенко бо Президенти Абхазия Аслан Бжания мулоқот кард. Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои ҳар ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни музокирот Лукашенко иброз дошт, ки Беларус ҳамеша ба ҳамкорӣ бо Абхазия манфиатдор буд, дар ҳоле ки Гурҷистон «ба мулоқотҳои мо вокуниши шадид дорад». Дар айни ҳол ҳар ду кишвар "ҳеҷ гоҳ алайҳи Тифлис ягон иқдомеро барномарезӣ накардаанд".
Раҳбари Беларус, ҳамчунин, бар аҳамияти равобит бо Абхазия таъкид намуд, ки "бояд инкишоф ёбад".