16-уми ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карда, дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ, Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко доир гардида, дар кори он роҳбарони ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Тибқи рӯзнома аъзои Шуро масъалаҳо оид ба натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Иттиҳод, дар бораи такмили танзими ҳуқуқии фаъолияти контртеррорӣ ва зиддиэкстремистӣ дар ИДМ, доир ба баланд бардоштани устувории низоми тандурустӣ ҷиҳати ноил шудан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тандурустӣ, инчунин, дигар мавзуъҳои марбут ба фаъолияти ИДМ-ро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблея, Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси федералии федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқоти хосса анҷом дод. Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманди байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои федератсияи Россия, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи байнипарламентӣ, изҳори қаноат намуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин, дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 85-умин солгарди таъсисёбии Жогорку Кенеш – Шурои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ кард. Таъкид шуд, ки дар тули фаъолияти худ парламенти Қирғизистон роҳи арзишманди рушдро тай намуда, дар ташаккул ва таҳкими истиқлоли сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии кишвари худ саҳми назаррас гузоштааст. Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории васеъ бо ҳамаи кишварҳои дӯст буда, дар ин асос барои густариши муколамаи байнипарлумонӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон дар заминаи ҳамкории анъанавии дӯстона, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии байни кишварҳо ҳавасманд мебошад.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бишкек муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов низ иштирок ва суханронӣ кард. Зикр гардид, ки мероси бадеии Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон бинобар мавҷудияти ормонҳои баланд ва арзишҳои абадӣ қадр мешавад. Чингиз Айтматов низ дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун нависанда, балки ҳамчун шахсияти дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ маъруф буда, барои таҳкими дӯстии байни халқҳои тоҷик ва қирғиз кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Дӯстии самимии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов ибратомӯз буда, он дар таҳкими муносибатҳои адабию фарҳангии байни ду кишвар мавқеи хос дорад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкек, инчунин, бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”