Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун мусовӣ бозӣ кард
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол аввалин бозиашро дар даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо мунтахаби Урдун мусовӣ – 1:1 анҷом дод. Дидори дастаҳо шоми 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт. Бозигари тими Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар дақиқаи 89-ум ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 90+3 меҳмонон тавассути зарбаи Язан Абдулло ан-Наймат тавонистанд ҳисобро баробар кунанд.
Дар бозии дигари гурӯҳ Арабистони Саудӣ бар Покистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.
Бар асоси натиҷаҳои даври дуюми интихобӣ, ки то 11-уми июни соли 2024 идома меёбад, аз ҳар 9 гурӯҳ дудастаӣ ҳаққи идомаи бозиҳоро дар даври сеюми марҳалаи интихобӣ пайдо мекунанд ва, ҳамзамон, соҳиби роҳхат ба марҳалаи финалии Ҷоми Осиё-2027 мегарданд.
Тими миллии Тоҷикистон дар даври дуюми марҳалаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ум 21-уми ноябр дар сафар бо тими миллии Покистон рақобат мекунад.
ҶУДО
8 медали паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон 8 медал ба даст оварданд.
Чемпионат 16-19-уми ноябр дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон доир гашт. Дар он 357 варзишгар (182 нафар миёни наврасон, 175 нафар миёни ҷавонон) аз 16 кишвар иштирок карданд. Ҷумҳурии моро миёни наврасон 11 нафар, аз ҷумла 1 духтар ва миёни ҷавонон 12 нафар, аз ҷумла 3 духтар намояндагӣ карда, ба гирифтани 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ мушарраф шуданд.
Медалҳои тиллоро миёни наврасон Лоиқ Қутбиддинов (-55кг), Ёсин Бобокалонов (-66кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (-73кг) ба даст оварданд.
Миёни ҷавонон Аҳлия Муъминова (-52кг), Абубакр Шеров (-73кг) медали нуқра, Суннатулло Мусоев (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81кг) ва Умедҷон Раҷабов (-90кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
РУШДИ ВАРЗИШ
“Formula 55” варзишгарони тоҷикро ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 дастгирӣ мекунад
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) маросими имзои созишномаи сарпарастӣ миёни КМОТ ва нахустин ширкати миллии букмекирӣ “Formula 55” баргузор шуд.
Ба иттилои “Азия плюс”, созишномаро ноиби президенти КМОТ, чемпиони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ва директори генералии Ширкати “Formula 55” Баҳром Подчоев имзо карданд.
Ширкат дар рушди варзиш, дастгирии варзишгарони кишвар ва ташкили мусобиқаҳои варзишӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар баробари ин, барномаву лоиҳаҳои зиёде дорад, ки ба дастгирии варзиши тоҷик нигаронда шудаанд.
Бо имзои созишнома “Formula 55” ба муддати як сол сарпарасти расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шуд.
Дилшод Назаров зикр кард, ки бастани созишномаи сарпарастӣ ҷиҳати беҳтар омода кардани тимҳои миллии кишвар ба бозиҳои олимпӣ муҳим аст.
"Мо саъй мекунем, варзишгарони бештарро аз намудҳои олимпии варзиш ба ҷамъомадҳои машқӣ ҷалб кунем, то дар мусобиқаҳои интихобӣ натиҷаҳои баланд ба даст орем", – гуфт ӯ.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”