21-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Федератсияи Русия сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, молия, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сардорони хадамотҳои гумрук ва иҷро, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ РАСМӢ
21-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ташриф оварданд.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва баргузор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ пазироӣ карданд.
Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, ротаи қаровули фахрии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи гарнизони Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.
Баъди гузориши фармондеҳи ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр дар ҳамин ҷо сурудҳои миллии ду давлат навохта шуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди ротаи фахрӣ ва эҳтиром ба ливои ротаи фахрӣ, гузашти тантанавии қаровули фахрии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.
Гузоштани гулчанбар дар назди қабри Сарбози номаълум
21-уми ноябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар дар назди қабри Сарбози номаълум оғоз гардид.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар макони “Александровский сад” қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буданд.
Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониёни роҳи озодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Русияро пос доштанд. Сипас, баъд аз садоҳои бонг ва дақиқаи хомӯшӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.
Баъд аз анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ қаровули фахрӣ бо қадамзании мутантан аз назди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони маросими гулчанбаргузорӣ гузашт.
Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия ҳамроҳӣ намуданд.