Таҳти ҳамин унвон лагери ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 то 16-уми ноябри соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лагери ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” доир шуд. Дар лагери мазкур 100 корманди ҷавони васоити ахбори омма аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ иштирок намуд.
Дар доираи лагер бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, олимону муҳаққиқон, дорандагони Ҷоизаи давлатии ба номи И. Сомонӣ, гирандагони стипендияи Президенти Тоҷикистон ва стипендияи раиси шаҳри Душанбе, магистрантону донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарбозону афсарон, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва ташкилотҳои тобеи он, дар маҷмуъ, ҳудуди 1700 нафар иштикор намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, муовини якуми президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон ва ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино Ҷиёнхон Муҳаббатзода суханронӣ намуданд.
Зимни маърузаҳо зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст. Дар ҳошияи ин, аз ҷавонон тақозо мешавад, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо илму дониши қавӣ, ақлу заковат, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдомҳои бунёдкорона, касбу ҳунари воло ва бо дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоранд.
Лагер шароити мусоидро оид ба табодули таҷриба, шиносоӣ, фароғат, саёҳат ва таҳкими дӯстӣ миёни хабарнигорони ҷавони минтақаҳои гуногуни кишвар фароҳам овард.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, “Ҷумҳурият”