22-юми ноябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт.
Маросими гусели меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва баргузор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ гусел карданд.
Майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, ротаи қаровули фахрии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи гарнизони Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Баъди гузориши фармондеҳи ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр, сурудҳои миллии ду давлат навохта шуданд.
Маросими гусел бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди ротаи фахрӣ ва эҳтиром ба ливои он ба поён расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз пойтахти Федератсияи Русия – шаҳри Москва ба пойтахти Ҷумҳурии Беларус – шаҳри Минск сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Котиби Шурои амният, вазирони мудофиа, саноат ва технологияҳои нав ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.