22-юми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Минск бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко вохӯрданд.
Зимни мулоқот роҳбарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Беларусро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд. Доир ба ҷараёни мусбати муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Беларус, рушди устувори шарикии стратегии ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию башардӯстона ва дигар соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ шуда, ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид. Дар зимн, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро аз фаъол гардондани кор дар самти афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Беларус тавассути ташкили робитаҳои нави кооператсионӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки барои тарафҳо судманд изҳор доштанд. Ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳои мусбат дода шуда, беҳтаршавии фаъолияти Шурои кории Тоҷикистон ва Беларус таъкид гашт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таъсиси гурӯҳи муштараки кориро оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи молиявӣ, ки ҷаласаи якуми он моҳи феврали соли равон баргузор гардид, зикр намуданд. Ҷонибҳо аҳамияти рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро махсус ишора карданд.
Доир ба андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ғанӣ гардондани муносибатҳои ҳамкории ду давлат бо муҳтавои нави амалӣ изҳори омодагӣ шуд. Дар мулоқот мусоҳибон, инчунин, оид ба мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуданд.