«Қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар байни ҷашнҳои давлатӣ чандин санаҳои муҳим ва хуҷаста ҳастанд, ки аз як ҷониб, ба афзун гардидани ҳисси ифтихормандӣ боис шаванд, аз ҷониби дигар, масъулияти фардиву ҷамъиятиро барои дифоъ аз арзишҳои истиқлолият, гиромидошти хотираву анъанаи гузаштагон ва дарки рисолати шаҳрвандӣ барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон дучанд зиёд мегардонанд. Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардуми мо дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланд аст. Бостоншиносон истифодаи онро то солшумории милодӣ собит намудаанд. Дар «Таърихи Табарӣ» навишта шудааст, ки «Дирафши коваёнӣ аз пӯсти шер буд ва подшоҳон онро ба зевар биёростанд ва зару симу гавҳар бар он пӯшонданд. Онро ахтари коваёнӣ низ меномиданд». Бори нахуст таърихи пайдоиши Дирафши коваёнӣ дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бозтоб гардидааст. Кова пешбанди чармини оҳангарии худро ба найза баста, бармеошӯбад ва он дирафши қиёми мардум зидди ишғолгарон мегардад. Ба ҳангоме ки Кова ба назди Фаридун меравад ва шоҳ пӯстини ба найза барбастаро мебинад, бо гавҳари дурахшон ва дебои (матои нафиси) Рум онро меорояд:
Биёрост онро бо дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Дирафши коваёнӣ ҳамеша рамзи шаъну шарафи миллияти тоҷикону эронитаборон буд. Чанд нуктаи парчамдориеро, ки имрӯз давлатдорону сипаҳбадони ҷаҳон онро риоя мекунанд, ҳанӯз Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷовидонии худ бозтоб намудааст ва он нуктаҳо бечунучаро аз пешинаи фаротаърихии пайдоиши дирафш ва ойини парчамдорӣ гувоҳи гӯё мебошанд.
Нахустин Парчами Тоҷикистон чун кишвари воҳид соли 1929 қабул гардид. Бо Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ эълон шудани Тоҷикистон қонун дар бораи парчам низ тағйир ёфт ва соли 1931 Парчами давлатӣ қабул шуд. Соли 1935 дар Парчами давлатӣ номи Тоҷикистони Шуравӣ бо забони русӣ сабт гардид. Ҳамин тавр, солҳои 1940, 1946 ва 1953 тағйироти дигар низ илова шуд. Соли 1992 Парчами имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Парчам дар таърихи ҳар халқу давлат мояи ифтихору ғурур будааст, ки баҳри ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг, ватану миллат фарзандони баору номусро зери сояи худ сарҷамъ месозад. Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст. Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар пешниҳод намуданд, ки тибқи он, баъди ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 19-уми ноябри соли 2009) ҳар сол 24-уми ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Соли 2010 бо ташаббуси Пешвои миллат бунёди манораи бузурги Парчами давлатӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ва дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчам» номгузорӣ шуд. Парчами давлатӣ, ки дар баландии 165 метр қомат афрохтааст, 30 метр паҳноӣ ва 60 метр дарозӣ дошта, ба Китоби рекордҳои Гиннесс шомил гардидааст.
Парафшонии Парчами давлатӣ дар ҳар гӯшаи сайёра аз мавҷудияти ин ё он миллату давлат дарак медиҳад. Дар ҳақиқат, таҳти парчами аҷдодӣ миллати мо садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, Ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва марзу буми гузаштагони худро ҳимоят кардаанд.
Шералӣ КЕНҶАЕВ,
омӯзгори МТМУ № 11-и ба номи
Сафар Мирзоеви ноҳияи Данғара