Дар Фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар фестивал Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ, зимни суҳбат бо хоҷагидорон ва масъулон чорводориро яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ карданд.
Иброз гардид, ки рушди соҳа зери таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2631471 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 1358947 сар модагов, 6618342 сар гӯсфанду буз ва 86936 сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 253073 тонна гӯшт ва 795317 тонна шир истеҳсол шудааст.
Тибқи таҳлилҳо, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 124416 сар, гӯсфанду буз 355795 сар, асп 1716 сар, истеҳсоли гӯшт 25772 тонна ва шир 35446 тонна бештар мебошад.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Лоиқ Тӯйчизода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали моҳи марти соли равон тасдиқ гардидааст, ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат менамояд.
Дар охири Фестивал як зумра шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”