Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳилаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду навсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шуруъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори 1993-1997 ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд ва то имрӯз ин рисолати азалии хешро идома медиҳанд.
Дар воқеъ, хизмат намудан ба Модар - Ватан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил, бонангу номуси миллатро зарур аст, ки, қабл аз ҳама, дар мадди назараш андешаи ободию осоиштагӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллиро дошта бошад. Чунки инҳо неъматҳое мебошанд, ки маҳз дар заминаи он тамоми орзую мақсадҳои накуи инсонӣ амалӣ гардида, шахс баҳри худу атрофиён зиндагии шоистаеро созмон хоҳад дод.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аниқтараш, тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои он дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хизматии хешро ба роҳ мондаанд.
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Балҷувон низ баҳри таъмини осоиштагӣ ва оромиву осудагии мардум пайваста корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба миён гузошта, барои ҳаллу фасл намудани камбудиҳои ҷойдошта, нигоҳ доштани низоми осудагии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ вохӯриҳои судманд анҷом медиҳанд.
Бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сарбаландона адои хизмат намуда, саҳми худро дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти сартосарӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи арзишҳои ваҳдати миллӣ гузошта истодаанд. Имрӯз аз чеҳраи ҳар як сарбози Ватан эҳсос мегардад, ки онҳо дар дифои марзу буми аҷдодӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва хизмат ба Ватан эҳсоси баланди меҳанпарастӣ нишон медиҳанд.
Ҳабиб ҶУМЪАЗОДА,
сардори ШВКД дар ноҳияи Балҷувон, подполковники милитсия