24-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев вохӯрданд.
Пешвои миллат, аз ҷумла зикр карданд, ки мо ба муносибатҳои боэътимоди байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо баҳои баланд медиҳем. Таъкид шуд, ки соли равон, сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ, барои муносибатҳои дуҷонибаи мо бобарор буд. Роҳбари давлат иброз доштанд, ки яке аз падидаҳои муҳими он сафари давлатии муҳтарам Илҳом Алиев ба Тоҷикистон буд.
Дар натиҷаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишвари мо, ҷонибҳо бастаи муҳими санадҳои байниҳукумативу байнисоҳавиро ба имзо расонданд, ки муносибатҳои ҳамдигарро бо муҳтавои сифатан нав ғанӣ гардонд. Дар ин замина, ишора гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии тавофуқномаҳои бадастомадаро қабул намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳалталаби минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон хоҳони ба минтақаи амну шукуфо табдил ёфтани Қафқози Ҷанубӣ мебошад.
Дар интиҳои суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои худ муҳтарам Илҳом Алиевро баҳри бомуваффақона гузарондани саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) арзи сипос намуда, ба саҳми босазои Озарбойҷони дӯст дар пешбурди Барномаи мазкур баҳои баланд доданд.