16-уми ноябр дар ҳаёти миллати тоҷик рӯзи пурфайзу футуҳ, Рӯзи Президент ва баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Албатта, ҳар рӯз хосиятҳои худро дорад, аммо таҷлили ин рӯз дигар аст. Дар рӯзҳое, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар аланга мегирифт, 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гашт. Масъалаи асосӣ фурӯ нишондани ҷанги хонумонсӯз буд. Ҳамин Иҷлосия дар тақдири миллат нақше гузошт, ки он бо хатҳои заррин ба таърихи миллат ворид шуд. Дар ҳамон рӯзҳо гӯё дар осмони Тоҷикистон аз паси абрҳо равшанӣ – Офтоб намудор шуд. Он рӯшноӣ, нурҳои он Офтоб сар то сари Ватанро фаро гирифт...
Баробари истиқлоли давлатӣ Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонд, ки бо кирдору амалҳои нек ва мубораксимою мубораквафою муборакқадам буданашон тавонистанд, мардуми парешонро дар атрофаш муттаҳид намуда, ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят карда, давлатро аз фаноёбӣ наҷот диҳанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути марди олиму оқилу фозилу хирадманд буданашон, бидуни талафот Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллиро ба имзо расонда, дар роҳи овардани сулҳу ризояти миллӣ ба Тоҷикистон нақши муҳимро ифо намуданд. Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки таҷрибаи сулҳу суботи Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта, истифода мебаранд. Ба ақидаи Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ, Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, қобили омӯзиш ва истифода мебошад.
Бо тасвиби ин санад роҳи дароз, пурмашаққат ва бағоят муҳими ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон анҷом ёфт. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, балки ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки барои тасдиқи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: “Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.
Мардуми тоҷикро беҳуда фарҳангпарвар намегӯянд. Ин мардум дар айёми хеле сахту сангин, вақте оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва давлату миллати куҳанбунёди мо дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт, ҷавонмарди чиҳилсоларо роҳбари худ баргузид. Ин мард бо лаҳни бурро ва самимӣ, симои баҳодурона, донишу маҳорат ва фарҳанги волои худ дар дили ин мардум шуълаи умеду боварӣ афрӯхта буд. Бисёриҳо он замон дар ғами ҷону сарнавишти хеш буданд ва аз пеши пойи худ дуртарро намедиданд. Вале нигоҳи ин мард ба дуриҳо, ба ояндаи ин халқу сарзамин дӯхта шуда буд. Ин мард ба боварии мардуми худ садчанд бештар сазовор гашт.
Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро самимона дӯст медошт ва дар яке аз вохӯриҳояш гуфта буд: “Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ дорад. Дар ин дил ҳама мегунҷад. Ӯ охирон тоҷикро ба Ватан баргардонд. Магар ин тавоноию қудратмандии инсон нест? Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо шумо – тоҷикон, балки тамоми тоҷикони дунё дӯст медоранд. Худо шоҳид аст, ки ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро муассир мегардонад”.
Ҳамчунон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин чунин иброз намудааст: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои ИДМ яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст”.
Имрӯз Президенти маҳбубамон бо хизматҳои беандозааш дар назди халқу Ватан сазовори боварии мардум шуда, дар дили ҳар сокини Меҳан маъво гирифтааст. Маҳз бо дарназардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор намудани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Пешвои миллат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад. Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо аз ғаму дарди миллат огаҳанд ва ба мушкилоти мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бепарво нестанд.
Сарвари мо ба мардум ҳамдилӣ ва ёрӣ мекунанд ва шоистаи номи баланди Пешвои миллатанд. Таърихи давлатдории шоҳони қадим ва муосир исбот намудааст, ки дар зиндагӣ кам сарвароне ҳастанд, ки дар вақти тавоноию қудратмандияшон тамоми ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро муваффақона амалӣ карда, мардумро роҳнамоӣ намоянд.
Маҳз дар ҳама ҳолатҳо ба пешвози мардум рафтан, бо онҳо аз наздик суҳбат оростан, хоҳишу дархостҳояшонро шунида, ба дардҳояшон дармон гаштан ва ғайра Эмомалӣ Раҳмонро дар байни мардум бузургтару қавитар ва тавоно намуд. Шоҳиди ҳолате будам, ки як марди солор дар ноҳияи Ёвон баъди бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз наздик зиёрат кардан, ҳафтаҳо дасти худро нашуста, бо ифтихор байни мардум Худоро ситоиш менамуд, ки ба ӯ чунин хушбахтии бузургро ато кардааст. Пӯшида нест, ки Ҷаноби Олӣ дар сафарҳои хизматияшон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даставвал ба пешвози пирони рӯзгордида, собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон ва ятимон мераванд, ки ин садоқату самимияти хоси Роҳбари давлат аст. Ҷаноби Олӣ дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд: “То оне ки ман зинда ҳастам, ятимону маъюбон, пиронсолон ва шахсони бесарпаноҳро яккаву танҳо намегузорам”.
То туро дод Худо давлату мулку ҳашаме,
Боядат кард ба ҳар хаста нигоҳи караме.
То тавонӣ зи дарат ҳоҷати муҳтоҷ барор,
Бо даме ё қадаме, ё қаламе, ё дираме!...
Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад, ки ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлати Тоҷикистон вобаста ба об дар асри ХХI барои аҳли башар ва таъмини ҳаёти арзандаи инсоният хидмат менамоянд. Зеро ҳадафҳои меҳварии ин ташаббусҳо рафъи мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла норасоии об ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим аст, ки дар сурати бетаваҷҷуҳӣ метавонанд фоҷиаҳои инсониро ба бор оранд.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳои наҷиби Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон, баёнгари мавқеи хоссаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди Президенти Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.
Чунонки Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Си Ҷинпин иброз доштанд: “Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии кишвари худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад”.
16-уми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон 31-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд. Ин яке аз санаҳои бузургест, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷаста дорад. Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши ХVI Шурои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар рӯзҳои вазнини парешонию парокандагӣ, шубҳаву ҳарос ва муборизаҳои дохилӣ баргузор гардид, ба мо ҳадяи бебаҳо – Пешвои муаззами миллатро дод. Маҳз ин Иҷлосия ва хиради зотии халқи некманишу ватанпарвар буд, ки миллату давлати мо аз нестшавӣ наҷот ёфт!
То ба ҳол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилот доим дар паҳлуи мардуманд. Дар бисёр вохӯриҳояшон хоксоронаю самимӣ ва дилписанд иброз медоранд: “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам...”.
Бале, ӯ ҳамон Сарвар аст, ки ба бахти миллати тоҷик Худованд болои сараш овард. Ӯ ҳамон Пешво аст, Пешвои миллате, ки халқ интихобаш кардааст. Ӯ ҳамон Президенти мардумист, ки агар садҳо маротибаи дигар раъйи мардум бипурсанд, боз ҳам интихобаш ӯст. Ӯ ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайғоми сулҳро бароямон овард, сулҳе, ки маргро ба зиндагӣ, мамотро ба ҳаёт табдил кард, сулҳе, ки то ҳанӯз орзуи аксари кишварҳои даргир боқӣ мондааст.
Оре, ӯ ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба халқ такя карда, пирӯз шудаву Худованд бо сад лутфу марҳамат барои ҳамин миллат атояш кардааст. Зиҳӣ, Эмомалӣ Раҳмон! Ба бахти миллати тоҷик, ҳамеша муборакқадаму мубораксимою мубораквафо ҷовидонӣ бошед!
Моҳи ноябр барои мардуми шуҳратёри Тоҷикистон моҳест ифтихорӣ, зеро чанд ҷашне, ки дар ин моҳ таҷлил мегардад, сарнавишти рӯзгори ин миллатро дар бар мегирад. Ба қавли Шоҳини Нажод, сухангӯи Маркази анҷумани «Фарҳанги Шоҳнома»: «Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатӣ – ин ҳама пойдевори қавии хештаншиносист ва заминаи устувори тамаддунофарист. Кишвари тоҷик бо сарварии Раисҷумҳури бедордил, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунару фарҳанги миллӣ миёни дигар қавму миллатҳо парчами зафарро сари боми ормонҳои хеш парафшонӣ доранд».
Солу фолу молу ҳолу аслу наслу тахту бахт,
Бодат андар шаҳриёрӣ баргузору бардавом.
Сол хуррам, фол неку мол вофир, ҳол хуш,
Асл собит, насл боқӣ, тахт Олӣ, бахт ром.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷашни 31-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Имомназари КАРИМИЁН,
сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон