Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7-8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7-8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1-2, мод. 2, мод. 3, № 7-9, мод. 586; с. 2018, № 1, мод. 4, мод. 5, № 5, мод. 266, № 7-8, мод. 522; с. 2019, № 1, мод. 1, мод. 2, № 6, мод. 311; с. 2020, № 1, мод. 8, мод. 9, № 7-9, мод. 607, мод. 623, № 12, мод. 904; с. 2021, № 4, мод. 196, № 12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, № 7, мод. 437, мод. 438, № 12, қ. 2, мод. 764, мод. 765), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар диспозитсияи қисми 4) моддаи 139 калимаҳои «қисмҳои якум ё дуюми» ба калимаҳо ва рақамҳои «қисмҳои 1), 2) ё 3)» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 2) моддаи 141:
- банди в) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«в) такроран;»;
- банди в) банди г) ҳисобида шавад.
3. Ба моддаи 142 қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) Ҳаракатҳое, ки дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида содир шуда бошанд, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад.».
4. Банди 2) эзоҳи моддаи 200 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2) Мафҳумҳои миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон, ки дар ҳамин модда ва моддаҳои дахлдори дигари Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мутобиқи номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки дар муомилот қарор доранд, инчунин растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд ва дар замимаи 1 ба Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, муайян карда мешаванд.».
5. Дар моддаи 2121:
- дар ном калимаҳои «рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт» ба калимаҳои «муомилоти ғайриқонунии рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт» иваз карда шаванд;
- аз диспозитсияи қисми 1 калимаҳои «ё рақами қалбакӣ» хориҷ карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт, -
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.»;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Кирдорҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, агар бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.».
6. Дар моддаи 241:
- дар санксияи қисми 1) калимаҳои «дусад то сесаду шасту панҷ» ва «то ду» мувофиқан ба калимаҳои «чорсад то шашсад» ва «то чор» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2) калимаҳои «ду то панҷ» ба калимаҳои «чор то шаш» иваз карда шаванд;
- дар диспозитсия ва санксияи қисми 3) калимаҳои «қисмҳои якум ё дуюми» ва «панҷ то ҳашт» мувофиқан ба калимаҳо ва рақамҳои «қисмҳои 1) ё 2)» ва «шаш то даҳ» иваз карда шаванд.
7. Ба диспозитсияи қисми 2 моддаи 3411 пас аз калимаи «экстремистидошта» калимаҳои «, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин» илова карда шаванд.
8. Замимаи 1 дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 1984
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1085
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 406