29-уми ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст, дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд. Таъкид гашт, ки мақсади асосии таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин мушаххас намудани раванди иҷрои буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин, муайян кардани уҳдадориҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз моликият, вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” иборат мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори давлатӣ супориш доданд, ки иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ “Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026-ро таъмин намоянд.
Сипас, дар маҷлис “Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024” директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода гузориш дод.
Таъкид шуд, ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024” даврият, номгӯи шаклҳои ҳисоботи оморӣ, маҷмуаҳои омории ҷамъбастӣ ва маҷмуаву бюллетенҳои омории соҳавӣ, муҳлати иҷрои корҳо дар давоми як сол ва усулҳои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳияи маводи оморӣ муайян шудаанд.
Дар маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардида, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол шуд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи Барномаи миллии “Кишвари сабз”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 ва дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармиро матраҳ намуданд.
Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои маҷлиси навбатӣ ва супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати кишвар, вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Супоришҳои дигар ба масъулони соҳаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузарондани маъракаи зимистони солҳои 2023-2024, анҷоми босамари киштукори тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ барои истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуданд.