Дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва ҳамзамон муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин, намояндагони палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, ташкилоту идораҳои давлатии Россия ва Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сармоягузорон иштирок намуданд.
Сергей Катирин зимни суханронӣ аз сафари кориаш ба вилояти Суғд ёдовар шуда, ташкили намоиши маҳсулот ва муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар шаҳри Москваро қадами навбатӣ дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстона арзёбӣ кард. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ таҳкими муносибатҳои минтақавӣ миёни вилоятҳои ду кишварро муҳим хонд.
Раҷаббой Аҳмадзода барои баргузор кардани чунин як чорабинии сатҳи баланд ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия изҳори сипос намуда, илова кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад. Ӯ, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, рушди соҳаи саноат таъмин гардида истодааст.
Раиси вилоят таъкид кард, ки дар Суғд беш аз 1200 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд мегардад.
Дар вилоят фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд буда, як қатор корхонаҳои саноатӣ бо сармоягузории шарикон аз Федератсияи Россия ташкил шудааст ва барои ҷалби бештари сармоя ва амалисозии тарҳҳои муштарак имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёд аст.
Дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, ҳамчунин, ҷаласаи Шурои соҳибкорон таҳти унвони «Суғд - Федератсияи Россия» баргузор гардид, ки дар рушди бештари ҳамкориҳои ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”