Соҳибкорони бонангу номуси Ватан дар пайравӣ ба ибтикороти созандаи Пешвои миллат баҳри ободии диёри хеш саҳми арзанда гузошта, ба хотири беҳтар гардондани шароити зиндагӣ дар деҳот саъй менамоянд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби сокинони дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта, бахусус ҷавонони деҳоти Қалъаи Лаби Об, дар масоҳати 390 метри мураббаъ бинои сеошёнаи маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуд, ки боиси ифтихор аст. Маблағи сарфшуда барои ин бинои замонавӣ 980 ҳазор сомониро ташкил дод. Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми бино толори варзиш буда, ошёнаи дуюм барои гузарондани маҷлису вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва ошёнаи сеюм барои коргоҳи дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Дар маркази мазкур 30 кас бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуд.
– Бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар муддати кӯтоҳ Тоҷикобод тавонист симои худро бакуллӣ тағйир диҳад. Имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону эҳсонкорон бунёдкорӣ босуръат идома дошта, мардумро ба ояндаи дурахшон раҳнамун месозанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду барқарорсозии 101 иншоот дар назар буда, то имрӯз 27-тои он ба истифода дода шуд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд, ки бо итмом расидани онҳо Тоҷикобод ба яке аз ноҳияҳои зебову замонавӣ табдил меёбад. Мо дар ҷодаи бунёдкорӣ ба мардуми сарбаланди худ ҳамеша такя мекунем, - иброз дошт Зулфиқор Гадоев, мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳия.
Бунёди чунин марказ бори дигар собит намуд, ки мардуми ин минтақа фарҳанги хеле воло дошта, ҷавононро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудааст.
Ин гурӯҳи фаъолу ватандӯст ният дорад, ки оянда дар бунёд ва тармиму таҷдиди толорҳои варзиш, биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия саҳм гузорад.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»