Ифтитоҳи корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Кӯшониён
15-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ифтихори Ватан”-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хатти технологии он шинос шуданд.
Корхонаи мазкур аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, дар доираи ҳадафҳои муҳими стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд ёфт. Он дар як мавсим иқтидор дорад, ки 5 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 30 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ коркард намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз раванди фаъолияти хатти технологӣ, иқдоми соҳибкори ватанӣ Анвар Раҳмоновро ҷиҳати таъсиси чунин як иншооти калони саноатӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот муҳим арзёбӣ карда, масъулонро барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва коркарди он то ҳадди ниҳоӣ вазифадор намуданд. Масоҳати корхонаи “Ифтихори Ватан” як гектарро ташкил дода, дар он мувофиқи лоиҳа бинои истеҳсолот бо муҷаҳҳазсозии дастгоҳу технологияи муосир, анбори нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 700 тонна пунбадона, ҳуҷраҳои корию истироҳатӣ, ошхона ва иншооти ёрирасон бунёд гардид.
Дар Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ имтиёзҳои андозию гумрукӣ роҳандозӣ шудааст ва дар доираи он барои ноил гаштан ба ҳадафҳои рушд қадамҳои устувору самарабахш гузошта мешавад. Корхона дар марҳалаи санҷишӣ 2153 тонна ашёи хомро коркард намуд ва дар натиҷа 816 тонна маҳсулоти тайёр, 1113 тонна пунбадона ва 29 тонна пати пахтаи ҷавобгӯи талаботи бозор истеҳсол гардид.
Дар ҳамин ҷо ба Роҳбари давлат номгӯи гуногуни тухмиҳои аълосифати зироати ғалладонагӣ, картошка, пахта ва молу маҳсулоти кишоварзию саноатии ноҳияи Кӯшониёнро муаррифӣ карданд.
Муаррифии лоиҳаи сохтмони бинои касбомӯзӣ дар ноҳияи Вахш
15-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Вахшро дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя ба истиқболи Ҷашни бузургу миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шуд. Мактаб-интернат аз шаш бинои алоҳида: бинои асосии дуошёна, хобгоҳ, ошхона, меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва бинои муҳофизон иборат мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои асосӣ дорои ҳашт кабинети фаннӣ, аз қабили биология, география, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, ҳуҷраи равоншиносӣ, китобхонаи муосир, ҳуҷраҳои кории маъмурият, омӯзгорону мураббиён, ҳашт тахтаи электронӣ ва синфхонаи ибтидоист. Синфхонаҳои мактаб-интернат бо таҷҳизоти таълимии замонавӣ, мизу курсӣ ва аёнияти дарсӣ пурра таъмин аст. Дар китобхонаи мактаб-интернат барои мутолааи адабиёти дарсӣ, илмӣ ва соҳавӣ имконияти мусоид фароҳам мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб-интернатро бо истифода аз шароити фароҳамшуда барои омӯзиши бештари илмҳои муосиру дақиқ, касбу ҳунар, аз худ кардани технологияи замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд. Тибқи иттилоъ, ҳоло дар муассиса 285 нафар кӯдаки ятим ва бепарастор ба таълиму тарбия ва зиндагӣ фаро гирифта шудаанд. Тамоми биноҳои мактаб-интернат бо низоми мустақили гармидиҳӣ пайвастанд. Бунгоҳи тиббии муассиса барои расондани кумаки аввалияи тиббӣ дорои таҷҳизоти нав мебошад. Хобгоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори ноҳияи Вахш сеошёна буда, бо шароити муосир барои 350 кат бо нуқтаҳои санитарию гигиенаи шахсӣ сохта шудааст. Дар ҳуҷраҳои хоб барои истиқомат ва дарстайёркунии хонандагон лавозимоти зарурӣ муҳайё гардид. Толори маҷлис дар ошёнаи якуми хобгоҳ ҷой гирифта, 160 ҷойи нишаст дорад. Масоҳати иншоот чор гектарро ташкил дода, бо тарҳи муосир ва бо истифода аз унсури шаҳрсозии миллӣ бунёд ёфт. Саҳни онро бештар аз 800 дарахти ҳамешасабз ва сояафкан зебу зинат бахшида, намудҳои гуногуни гулҳои мавсимию ороишӣ парвариш меёбанд. Он дорои ошхонаи замонавӣ низ мебошад.
Дар идома ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди биноҳои касбомӯзӣ, маъмурият, варзишгоҳ, майдони теннис, ҳавзи шиноварӣ, боғ ва гулгашт барои ятимону бепарасторони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори ноҳияи Вахш муаррифӣ шуд. Иттилоъ доданд, ки масоҳати маҷмааи иншооти сохташавандаи касбомӯзӣ, маъмурият, варзишгоҳ, майдони теннис, ҳавзи шиноварӣ, боғ ва гулгашт ду гектарро ташкил дода, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мегардад. Бо бунёди бинои чорошёнаи касбомӯзӣ ва иншооти дигари замонавӣ барои рушди зеҳнию ҷисмонии тарбиятгирандагон шароити беҳтару муосир фароҳам оварда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда ва ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ҳамин ҷо муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 285 нафар кӯдаки ятиму бепарастор туҳфаҳо тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.
Ҳадяҳои Роҳбари давлат аз маҷмуи либоси зимистона, шиму костум, болопӯш, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ширинӣ, кумаки молиявии яквақтаина ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд. Кӯдакон аз ин туҳфа, ки барояшон арзиши муҳими моддию маънавӣ дорад, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Маркази агрологистикии ҶДММ “Восток-1”
15-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восток-1”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази агрологистикӣ аз сардхона, коргоҳи коркарди мева, бандубасти он ва истеҳсоли карбос иборат мебошад. Иншооти нав ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Абдухолиқ Саидов ва ҷалби сармояи шарикони рушд бунёд ёфт. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сардхона барои нигоҳдории 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар сардхонаи навтаъсис, асосан, маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, картошка, пиёз, сабзӣ, захира мегардад.
Сардхона бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ноҳияи Вахш бунёд шуда, имкон медиҳад, ки меваю сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фасли сол захира ва ба мардум пешниҳод шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити сардхона ва коргоҳи хурди коркарди мева, бандубасти он ва истеҳсоли карбос, иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026) муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид рафт, ки дар шароити феълӣ таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аҳамияти хоса дорад ва таъсиси чунин сардхонаҳо маҳз ба ин мақсад равона гардидааст.
Коргоҳ бо хатти нави технологӣ муҷаҳҳаз буда, дар як сол қариб 80 тонна мева коркард мешавад. Дар он барои 18 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шуд. Ашёи хом аз ноҳияи Вахш ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас гашта, коркард ва бандубаст мешавад. Маҳсулоти он, инчунин, барои содирот омода мегардад.
Дар маркази агрологистикии ҶДММ “Восток-1”, дар маҷмуъ, қариб 30 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст. Роҳбарияти марказ нақша доранд, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) оянда ду корхонаи дигари истеҳсолӣ бунёд карда, барои 30 нафар ҷойи кори нав таъсис диҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи маркази агрологистикии ҶДММ “Восток-1” аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ноҳияи Вахш боздид намуданд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш баъд аз таъмиру навсозӣ
15-уми декабр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Беморхона, ки аз калонтарин иншооти тандурустии ноҳия ва ҳудуди вилояти Хатлон мебошад, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар заминаи татбиқи лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон”, марҳалаҳои 2 ва 4-ум, мавриди таъмири асосӣ ва таҷдиду барқароркунӣ қарор гирифт. Маҳз дар доираи ҳамин лоиҳа, беморхонаи марказии ноҳияи Вахш аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дастгирии молиявии шарикони рушд баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар ин ҷо барои зиёда аз 200 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Вахш имконоти бештари ташхису муолиҷа муҳайё гашт.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, сохтмони бинои бошукӯҳи бахши тандурустӣ соли 2020 аз ҷониби ҶДММ “Манора сохтмон” оғоз ёфт. Паймонкори иншоот тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда муваззаф шуда буд, ки моҳи декабри соли 2023 беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро бо беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми васоили тандурустӣ мавриди истифода қарор диҳад.
Бинокорони ширкати “Манора сохтмон” ҳар се қабати бинои шифохона, таҳхона, болохона ва биноҳои маъмуриву иловагиро бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ба анҷом расонданд. Чуноне зикр шуд, барои сифатнок анҷом додани корҳои сохтмонӣ муосиртарин масолеҳи бинокорӣ истифода ва наздики 200 сокини ноҳияи Вахш бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардид. Дар муассисаи тандурустӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ аз Олмон, Ҷопон, ИМА, Испания, Италия ва Чин бо маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ харида, васлу насб шуд.
Беморхона бо дастгоҳҳои зарурии ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва сабти барқии дил таъмин аст, ки қаблан табибон ба чунин таҷҳизоти замонавӣ ниёзи бештар доштанд. Фароҳам сохтани чунин шароити созгори ташхису муолиҷа ва дастгоҳу васоили сохти замонавии тандурустӣ, имкон фароҳам меорад, ки табибон ба сокинони ноҳияи Вахш ва дигар ноҳияҳои ҳамшафати он бо сатҳу сифати баланд хизмат расонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон ва масъулони ниҳоди тандурустӣ супориш доданд, ки бо истифода аз чунин шароит хизматрасониро ба беморон дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ба масъалаи муомилаи хуш бо беморон ва наздикони онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Аз ин баъд дар беморхонаи ноҳияи Вахш усулҳои замонавии ташхису муолиҷа ва ҷарроҳиҳои ҳар гуна бемориҳо бо истифода аз таҷрибаи тибби давлатҳои пешрафта гузаронда мешавад.
Ҳама ҳуҷраҳои кориву истироҳатии табибону кормандон дорои шароитҳои арзанда мебошанд. Акнун табибони беморхонаи ноҳияи Вахш метавонанд ба сокинони ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар низ бо сифати баланд хизмат расонанд. Ҳамин гуна, бо навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии бинои асосии беморхона шароити созгор ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии табобат муҳайё шуд.
Корхонаи нассоҷӣ дар ноҳияи Вахш
15-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Насими Вахш”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин корхона, ки фаъолияташ ба самти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ нигаронида шудааст, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бароталӣ Юсуфзода барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардид. Дар корхонаи “Насими Вахш” 250 дастгоҳи ҷуроббофӣ, 15 дастгоҳи худкор ва 7 дастгоҳи тамғагузории истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон васлу насб шуда, асосан, ҷуроб, либоси ягонаи мактабӣ ва дигар намуди либосҳои фармоишӣ истеҳсол мешавад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар он 180 зани хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур бо васеъ намудани доираи фаъолият хоҳад афзуд. Корхонаи мазкур иқтидор дорад, ки дар як сол 15 миллион ҷуфт ҷуроби хушсифат барорад. Ашёи хом, аз ҷумла ришта барои омода намудани ҷуроб, аз дохили кишвар ва қисман аз хориҷи мамлакат дастрас шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ аз он маҳсулоти ивазкунандаи воридот омода мегардад. Ҷуробҳои корхона, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ба хориҷи мамлакат низ содирот мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити муосири корӣ ва раванди истеҳсолот дар корхона баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии бунёди корхона – ин коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва аз он истеҳсол намудани маҳсулот мебошад. Маҳсулоте, ки дар корхона тавлид меёбад, 80% фоизи он аз пахта омода мешавад, зеро талаботи харидорони ватаниву хориҷӣ ба он зиёд аст. Бояд қайд намуд, ки дар коргоҳ либоси мактабӣ низ медӯзанд ва барои ин аз кишварҳои тараққикардаи дунё навтарин технология ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ 56 нафар духтарони маҳаллӣ, ки аксаран хонашин мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд. Корхона иқтидор дорад хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Вахшро пурра бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин созад. Бо назардошти афзоиши талабот ба ҷуроби ватанӣ, масъулони корхона маҳсулотро бо сифати баланд истеҳсол карда, ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Ин иқдом дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва дастгирии давлатии бахши хусусӣ амалӣ гардид. Ҷуробҳои корхона, асосан, маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон мешаванд. Дар маҷмуъ, бо бунёди корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии “Насими Вахш”, тибқи нақшаи тиҷоратӣ, дар сурати бапуррагӣ фаъол гардидани он 400 сокини маҳаллӣ, хусусан занони хонашин, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи саноат, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Баъд аз ифтитоҳи корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии “Насими Вахш”, дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони корхонаи ресандагӣ ошноӣ пайдо карданд. Корхонаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, дар он барои 200 зани хонашин ҷойи кори нав фароҳам оварда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки он дар масоҳати 1 гектар доман густурда, дар як сол 4000 тонна пахта коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол хоҳад шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ ба лоиҳаи бунёди корхонаи нави саноатӣ, таваҷҷуҳи масъулони соҳаро барои иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ, ворид намудани технологияи муосир ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҷалб намуданд.
Боздид аз маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии “Раҷабалӣ”
15-уми декабр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дар ноҳияи Ёвон аз маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии “Раҷабалӣ” ва намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони вилояти Хатлон боздид намуданд. Хоҷагии деҳқонии “Раҷабалӣ” соли 1999 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Усмоналӣ Раҷабов дар масоҳати 9 гектар замини обӣ ташкил гардида, дар он панҷ саҳмдор фаъолият мекунад, ки ҳамасола зироати гуногуни кишоварзӣ парваришу истеҳсол менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар хоҷагӣ имсол дар кишти асосӣ дар масоҳати 2 гектар гандуми навъи “Краснодар” ва 3 гектар картошкаи навъи “Галла” кошта, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ, кишти зироати хӯроки чорво, аз ҷумла беда мебошад, ки он дар 4 гектари замини хоҷагӣ кошта шуда, ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад. Бо ҳамин роҳ ҳамасола хоҷагидорон номгӯи зиёди зироати кишоварзиро кишта, аз самараи дастранҷи худ дар беҳбудии рӯзгори саҳмдорон ва сатҳи иқтисодии хоҷагӣ саҳм мегиранд. Имсол бори аввал хоҷагидорон бо роҳандозии таҷрибаи нави истеҳсолӣ дар масоҳати як гектар кишти барвақтии зериплёнкагии картошкаро гузаронданд. Саҳмдорони хоҷагӣ бо парвариши ин навъи сабзавот талош доранд, ки дар фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи худро гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд доданд.Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамояд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва чорвои хушзоти хоҷагиҳои вилояти Хатлон дидан карданд. Дар намоиш ғалладона, сабзавот, полизӣ, зироати лӯбиёӣ ва меваҷот муаррифӣ шуд, ки беш аз 20 тонна маҳсулоти кишоварзиро ташкил медод.
Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Моҳир инвест”
15-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Моҳир инвест”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) аз тарафи соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов бунёд ёфт. Бо таъсиси корхонаи нави истеҳсолӣ, 230 нафар (аксараш сокинони маҳаллӣ) бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, дар он, асосан, масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла гаҷкартон бо профилу васлакҳои металлӣ, сақфҳои гаҷӣ (армстронг) ва хокаҳои сохтмонӣ (шпаклёвка ва штукатурка) истеҳсоли мегардад. Хатҳои муосири технологӣ ба корхона аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуд, ки онро мутахассисони тоҷик васл карда, идора менамоянд. Иқтидори истеҳсолӣ дар як сол 30 миллион метри мураббаъ гаҷкартон мебошад.
Дар корхона чор намуд гаҷкартон бо андозаи 1 метру 20 сантиметр паҳноӣ ва 2 метру 50 сантиметр дарозӣ истеҳсол мешавад. Гаҷкартонҳо ба намӣ ва гармӣ тобовар буда, барои деворҳои байниҳуҷравӣ ва ороиши сақфи бинои иншооти гуногун истифода мегардад. Корхона иқтидор дорад, ки дар як сол 200 ҳазор тонна хокаҳои сохтмонии аълосифат истеҳсол намояд. Инчунин, дар корхона истеҳсоли сақфҳои гаҷӣ (армстронг) бо иқтидори 2 миллиону 400 ҳазор дона дар як моҳ ба роҳ монда шудааст. Сақфҳои гаҷӣ бо андозаи 60 ба 60 сантиметр омода мешавад. Ин навъи маҳсулот барои рӯйпӯш кардани сақфи биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва маишию хизматрасонӣ бо истифода аз профилу васлакҳои металлӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар корхона 10 намуд профилу васлакҳои металлӣ низ истеҳсол мегардад. Дар ин хатти технологӣ имкон аст, ки дар як моҳ 32 тонна профилу васлакҳои металӣ истеҳсол шавад. Тамоми номгӯи масолеҳи сохтмонии корхонаи навбунёди саноатӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалист. Масоҳати умумии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Ёвон 5,2 гектарро ташкил медиҳад. Дар шафати биноҳои барҳавои ба ҳам пайвасти истеҳсолӣ иншооти ёрирасон, аз қабили озмоишгоҳ, ҷойгир аст.
Дар озмоишгоҳ сифати ҳамаи намуди маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир инвест” санҷида мешавад. Озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз дастгоҳҳо сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан, барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди корхонаи пуриқтидори саноатӣ дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ намуна арзёбӣ карда, бо назардошти зиёд будани талабот ба масолеҳи баландсифати сохтмонӣ дар мамлакат, ба масъулони ҶДММ “Моҳир инвест” ҷиҳати боз ҳам афзоиши ҳаҷми истеҳсолот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамин тавр, соли равон дар ноҳияи Ёвон дар раванди амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, 10 коргоҳ ва як корхонаи боиқтидори саноатӣ бо таъсиси беш аз 200 ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди корхонаҳои нави саноатӣ муаррифӣ шуд, ки самти фаъолияти онҳо, асосан, коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ то марҳалаи ниҳоист. Зимни муаррифии лоиҳаҳо иттилоъ доданд, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳия корхонаи истеҳсоли блокҳои гаҷии ҶДММ "Файзи гаҷ" ва корхонаи коркарди оҳаксанг ва истеҳсоли коғази ҶДММ "Моҳир инвест" сохта шуда, 70 ҷойи нави кор таъсис меёбад.
Корхонаи истеҳсоли блокҳои гаҷӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазору 400 метри мураббаъ ва дар як сол бо иқтидори 2 миллион метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол менамояд. Аҳамияти блокҳои гаҷӣ дар он аст, ки вазни иншоотро то 60 дарсад аз дигар навъи масолеҳи сохтмонӣ сабук карда, дар баробари ба гармӣ ва сардӣ тобовар будан, қобилияти маҳдудкунии садоро дорад ва раванди сохтмонро метезонад.
Корхонаи коркарди оҳаксанг ва истеҳсоли коғаз бошад, бо иқтидори 25 тонна дар як шабонарӯз ва беш аз 9 ҳазор тонна маҳсулоти ватанӣ дар як сол таъсис меёбад. Коғазҳои истеҳсолшуда дар соҳаи нашриёт, чопи рӯзномаю маҷаллаҳо, буклетҳо, лавҳаҳои тарғиботӣ, қуттиҳои картонӣ барои бандубасти маҳсулот ва навъҳои дигар истифода мегардад. Бояд гуфт, ки 80%-и маҳсулоти корхона ашёи хоми маҳаллӣ буда, бо сифати аъло омода мешавад ва ивазкунандаи воридот мебошаду арзиши аслии коғазҳо нисбат ба воридотӣ то 30% арзон хоҳад шуд. Дар он хатҳои навтарини технологӣ насб мегарданд ва таҷрибаи нахустин дар мамлакат ба шумор хоҳад рафт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони ташаббускори маҳаллиро дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар назаррас арзёбӣ карда, дар ин самт ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.