Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкории китобро Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО мероси башарӣ эътироф кард. Ин ҷаласаи 18-ум аз 4 то 9-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана баргузор шуд. Дар ҷаласа дар баробари масъалаҳои гуногуни кишварҳои дигар, инчунин, баррасии номинаҳои унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ сурат гирифт.
Аз тамоми кишварҳои узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ имсол 55 парвандаи номинаҳо, 45 адад ба “Феҳристи репрезентативӣ”, 6-то ба “Феҳристи унсурҳои ҳифзи фаврӣ” ва 4-то ба “Рӯйхати таҷрибаҳои намунавӣ ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ба комиссия ворид шуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа 3 парвандаи унсури фарҳангӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шуда буд.
“Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас”, номинаи мустақили миллии Тоҷикистон, “Ҷашни Сада” (муштарак бо Эрон) ва “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” (муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон) буданд.
5-уми декабр зимни ҷаласа номинаи “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас”-ро бо як овоз дастгирӣ карданд. Таҳияи ҳуҷҷатҳои ин номина соли 2018 аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуда, соли 2023 такмил ёфт.
Дар раванди гирдоварӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо аъзои гурӯҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар карда, бо ҳунармандон мулоқот гузаронданд ва маълумоти заруриро сабт карданд.
Номинаи дигари сабтшуда “Ҷашни Сада” мебошад, ки муштарак бо коршиносони эронӣ омода шуд. Таҳияи ҳуҷҷатҳои ин парванда солҳои 2020-2023 сурат гирифтааст. Замоне ки бемории CОVID-19 дар авҷ буд, корҳо бо тариқи онлайн сурат гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон Сада расман аз соли 2018 ба ин сӯ таҷлил гардида, дар қонунгузории кишвар рӯзи ҷашни он 30-юми январ муқаррар шудааст.
Номинаи севум “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” унвон дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки нақш ва ҷойгоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ бағоят калон аст. Ин марди хирад аз нахустин рӯзҳои сарварӣ ба эҳёи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ эътибори ҷиддӣ медоданд.
То имрӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО 10 унсури фарҳанги миллӣ сабт шудааст. «Шашмақом» (2008, ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавии тоҷикон ва контекстҳои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016), «Наврӯз» (2016) бо 12 кишвари ҷаҳон, «Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018), «Фалак» (2021), «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (муштарак бо кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) ва «Суннати латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» (муштарак бо Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) ва се номинаи нави дигар, ки дар боло шарҳ додем.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»