Чанде пеш бо иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел, сардори низомҳои молиявии сабзи БАТР хонум Ксения Брокман ва иқтисодчии низомҳои молиявии сабзи БАТР ҷаноби Дамин Чунг ҷиҳати оғози расмии барномаи ёрии техникии БАТР дар доираи “Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идора, танзими хавфҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративии иқлим” ҳамоиш доир гашт.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории бонк ширкат варзиданд.
Ҳоким Холиқзода чорабиниро оғоз намуда, зикр кард, ки Барномаи ёрии техникии БАТР дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ба имзо расида буд, роҳандозӣ мегардад. Номбурда ба БАТР, махсусан ба ҷаноби Холгер Вифел барои оғози марҳалаи дуюми “Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон ва мусоидат дар рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо “Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ” изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти БАТР хонум Одил Рено-Бассо дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар робита ба масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ва андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати муқовимат дар баробари ин таҳдидҳо, ки 2-юми декабри соли ҷорӣ дар АМА баргузор гардид, аҳамияти хоса дода шуд.
Тавре аз арзёбии охир бармеояд, Тоҷикистон низ мисли кишварҳои дигари минтақа дар баробари дучоршавӣ ба хавфҳои вобаста ба иқлим қарор дорад ва бо дарназардошти пайомадҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти кишвар, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, бештар хусусияти молиявӣ пайдо мекунанд.
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади омӯхтани таҷрибаи тақрибан 130 бонки марказӣ ва мақомоти танзимкунандаи асъор дар саросари ҷаҳон, афзун намудани иқтидор дар соҳаи ҳамгироии хавфҳои вобаста ба муҳити зист ва иқлим ба низоми бонкӣ, инчунин, ҳамкории зич бо шарикони рушд, аз ҷумла БАТР, барои шомил гардидан ба узвияти “Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS)” дар самтҳои номбурда дархост пешниҳод намудааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳори умед намуд, ки БАТР кӯшишҳои БМТ-ро дар самти сабзгардонии низоми молиявӣ ва ҳамгироии принсипҳои вобаста ба муҳити зист ва иқлим дар соҳаи молия дастгирӣ хоҳад кард.
Холгер Вифел аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР изҳори қаноат намуда, зикр кард, ки ҳамкорӣ дар самти маблағгузории иқтисоди сабз барои рушди муносибатҳои минбаъдаи ҷонибҳо дар бахшҳои фарогирии молиявӣ, суғурта, бозори асъор, коғазҳои қиматнок ва идоракунии корпоративӣ саҳми назаррас мегузорад.
Номбурда афзуд, ки БАТР ба яке аз бузургтарин сармоягузорони ниҳодӣ дар Тоҷикистон табдил ёфта, бо бонкҳои марказӣ ва танзимгарон ҳамкории зичро ба роҳ мондааст, то ба табодули таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар самти ҳалли хатарҳое, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, мусоидат намояд.
Ҷаноби Холгер Вифел, ҳамчунин, барои идома додани ҳамкориҳои самаровар дар самти маблағгузории иқтисодиёти сабз, рушди бахши молиявӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон омодагии БАТР-ро баён намуд.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода диққати аҳли нишастро ба фаъол гардидани равандҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, амнияти низоми бонкӣ тавассути хатарҳои ҷисмонӣ, дар бораи принсипҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ, доир ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои вобаста ба иқлим дар ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷониби бонкҳои марказӣ ба назар гирифтани омилҳои вобаста ба иқлим ва хавфҳои ба он алоқаманд ва ғайра ҷалб намуд.
Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, кам кардани газҳои гулхонаӣ ва рушди "иқтисодиёти сабз”, ки ба мавзуъҳои доғи рӯз табдил ёфтаанд, метавонанд барои иқтисодиёти кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ пайомадҳои ногувор дошта бошанд.
“Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони рушд ҷиҳати фароҳам овардани як платформаи мувофиқ, пеш аз ҳама, таҳия намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявии муосири “сабз” дар Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бинобар ин, месазад, ки ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани механизмҳои иштирок дар бозори маблағгузории “сабз” фаъолияти худро ба роҳ монанд”, – гуфт Фирдавс Толибзода.
Сардори низомҳои молиявии сабзи БАТР Ксения Брокман дар бораи барномаи маблағгузории "иқтисоди сабз", пайомад ва имкониятҳое, ки ба тағйирёбии иқлим алоқаманданд, хусусиятҳои хавфҳои иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба “Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ” баромад намуд.
Ҳоким Холиқзода дар анҷом бори дигар аҳамияти ҳамоҳангсозии кӯшишҳои дуҷонибаро оид ба коҳиш додани хавфҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва роҳандозии принсипҳои экологӣ дар сиёсати муассисаҳои молиявӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки он бе иштироки фаъоли низоми бонкии мамлакат ғайриимкон мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
”Ҷумҳурият”