Ман забони тоҷикиро чун гуҳар гуфтам, чи хуш,
Лаззаташро ҳамчу қанду чун шакар гуфтам, чи хуш.
Ин забони Рӯдакиву Ҷомиву Ҳофиз бувад,
Ифтихори ин забонро тоҷи сар гуфтам, чи хуш.
Тоҷики ман, фахр кун бо ин забони модарӣ,
Ман варо ганҷинае баҳри башар гуфтам, чи хуш.
Аз китоби «Тоҷикон» таърихи халқи худ бихон,
Фаслу боби «Тоҷикон»-ро дурру зар гуфтам, чи хуш.
Халқи тоҷик бо каломи сулҳ оламро гирифт,
Тоҷикам дода ба олам зебу фар гуфтам, чи хуш!
МАРДИ БОҲИММАТ
(Ба истиқболи фаррухи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Аё эй Сарвари давлат, қадамҳоят муборак бод!
Аё эй ҳамдами миллат, қадамҳоят муборак бод!
Ба ин мулки куҳанбунёд қадамҳои ту нур овард,
Сахӣ ҳастиву боҳиммат, қадамҳоят муборак бод!
Ту эҳё карда ваҳдатро барои ҳастии миллат,
Муборак номаи сулҳат, қадамҳоят муборак бод!
Баҳори кишварам инак, гулафшон шуд, гулафшон шуд.
Муборак шуҳрату шавкат, қадамҳоят муборак бод!
Сари худро фуруд орам, салому ҳам дуруд орам,
Фараҳ афзуда саршорам, қадамҳоят муборак бод!
Зи ман ин армуғони нав, зи ман ин шеъру ин дастон,
Туро чун Қаҳрамон дорам, қадамҳоят муборак бод!
Толиби МИРЗО