Бисёр хуб аст, вақте ки сарнавишт ба рӯи кас механдад ва он ханда як навъ башорат бошад, башорати нек. Нашри ин китоб ҳам, фикр мекунам, ки ҳамин гуна ханда аст. Он иборат аз шеъру ғазалу рубоиҳои Гурез Сафар, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, мебошад, ки дар чанд соли охир эҷод шудаанд.
Вобаста ба мазмуну мундариҷа, муҳтаво ва жанрҳои адабӣ муаллиф онҳоро ба чунин қисматҳо ҷудо кардааст: “Дар Ватан бо Ватан”, “Ихлосномаҳо”, “Ғазалҳо” ва “Рубоиёт”.
Аз шеърҳои ин маҷмуа марому мақсад ва мавқеи шоирро метавон фаҳм ва дарк намуд. Ҳамин як қисмати китоб, ки “Дар Ватан бо Ватан” номгузорӣ шудааст, собит месозад, ки на танҳо худ бо Ватани даврони Истиқлолу дастовардҳои он ифтихор дорад, балки мехоҳад ин муҳаббатро дар дили насли наврас ҷой бидиҳад. Ҳамзамон, таъкид месозад, ки шукри ин Ватан, сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами миллатро ба ҷо биёрем. Аз ҷумла дар васфи Истиқлоли кишвар менависад:
Тоҷикистон, ин ҳама рушду нумӯ
Аз Худо, аз бахту аз иқболи туст.
Меравӣ бо суръати нуре ба пеш,
Ин ҳама аз файзи Истиқлоли туст.
Дар мавриди хидматҳои бесобиқа ва ободкориҳои Пешвои миллат мегӯяд:
Ин ободӣ на аз ҳаво омадааст,
Аз раҳмату аз доди Худо омадааст, –
Аз бахти баланд Пешво моро дод,
Яъне ки зи азми Пешво омадааст.
Аз силсилаи “Рубоиёт”-и ӯст:
Дар кишвари ишқ ҷонфишон бояд буд,
Дилдаркафу сарбози замон бояд буд.
Хоҳӣ, ки Ватан хурраму обод шавад,
Дунболи раҳи Сарвари он бояд буд.
Ҳамин тавр “Хандаи тақдир” туҳфаи хубест ба ҳаводорони каломи бадеъ.
Маврид ба зикр аст, ки онро “Шарқи озод” бо теъдоди 1000 нусха ва сифати баланд ба табъ расондааст.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”