Айни замон тағйирёбии иқлим ба яке аз мушкилоти глобалии замони муосир табдил ёфта, сабаби ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, хушксолӣ ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометриологӣ, дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон гардидааст. Ба андешаи иқлимшиносон, яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера мебошад.
Қисми зиёди партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво, асосан, аз ҳисоби истифодаи воситаҳои нақлиёт хориҷ мешаванд.
Тибқи омори ҷаҳонӣ, 20 дарсади олудагии муҳити зистро мошинҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз ба вуҷуд меоранд, ки боиси тағйирёбии иқлим ва пайдоиши бемориҳои гуногун мешаванд.
Тибқи маълумоти Маркази экологии ҳифзи муҳити зист, соли гузашта дар кишвар аз 601 ҳазору 136-то воситаи нақлиётӣ 480 ҳазору 140 тонна моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера хориҷ шудааст.
Албатта, ин нишондод нисбат ба кишварҳои дигар бамаротиб кам аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини қатъии талаботи Созишномаи Париж оид ба кам кардани партов ба ҳавои атмосфера тадбирҳои доимӣ роҳандозӣ мекунад.
Дар ҳамин радиф 2-юми августи соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №335 “Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.
Қарори болозикр аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо ба тасвиб расид. Муқаррароти қарор нисбат ба воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркашонӣ, автомобилҳои сабукрав ва нақлиёти таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.
Яке аз роҳҳои пешгирии олудашавии муҳити зист ин ихтироъ ва истифодаи мошинҳои барқӣ аст. Мошинҳои барқӣ, яке аз ихтирооти нави техникиест, ки дар бештари кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Бо мақсади мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбудии вазъи экологии ҷумҳурӣ воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳоро бояд аз пардохти андозӣ ва гумрукӣ пурра озод намуд”.
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз имкон медиҳанд, ки воридоти электромобилҳо аз боҷи гумрукӣ, ҳамчунин, аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шуда, ба зиёд гардидани теъдоди ин намуди нақлиёт мусоидат намояд.
Тибқи гуфтаи мутахассисон, захираҳои нафту газ манбаъҳои барқарорнашавандаанд ва дар ояндаҳои дур эҳтимоли ба охир расиданро доранд. Аз ин лиҳоз, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун кишвари кӯҳистону офтобӣ, дорои иқтидори бузурги манобеи барқароршавандаи “энергияи сабз”-и аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, гузариш ба нақлиёти барқӣ муҳим ва таъхирнопазир аст.
Соли 2021 ба мамлакат ҳамагӣ 47 электромобил ворид шуда буд, соли 2022 бошад, теъдоди чунини мошинҳо 767-торо ташкил дод. Дар маҷмуъ, аз соли 2021 то имрӯз ба ҷумҳурӣ беш аз 1600 нақлиёти барқӣ ворид гардидааст.
Истифодаи электромобилҳо барои тоза нигоҳ доштани экология судманд буда, инчунин, вобастагии ҷумҳуриро аз баъзе молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад.
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”