(Ба ёдбуди омӯзгорзани асил – Ҳуснигул Талбакова)
Ҳамеша ҳусну ҷамол, иффату шарм, фурӯтаниву хоксорӣ, хушлаҳниву хушзеҳнӣ, ҳушмандиву сабуриро ба зан, хоса ба зани тоҷик, нисбат намудаанд ва ин ҳама бо зевари хираду дониш ба зан зебу зинати ҷовидона медиҳад. Барҳақ, зан-модар қувваеро дорост, ки намояш бисёр нарму фараҳбахш ва бунёдаш қавию тавоност ва дар баробари рисолати аслии худ – тарбияи шоистаи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, анису мунис, оқилу фарзона, ҳунарманду пешавар дар сабзишу нумӯи илму фарҳанги тоҷик бо неруи ақлонию ҷисмонии бузургу шикастнопазир аз худ ба ояндагон мероси гаронмоя мегузорад.
Муаллимаи азиз Ҳуснигул Талбакова аз зумраи чунин ашхос буд. Ӯ инсоне буд, бисёр хоксор, ҳалим, меҳрубон, поктинат, оқил, фозил, дурандеш… ва ин силсилаи хислатҳои накуро нисбат ба муаллима метавон дар муҳраи хислати неки инсонӣ дона-дона ва хеле барчида кашид. Ҳуснигул Талбакова бо донишу маҳорат, бо малоҳату ҷасорат, бо шеваи хоси таълиму тарбия дар сафҳаи дафтари зиндагии хеш бо пиндору кирдору гуфтор “рақами хайр кашидаасту асари хайр ниҳодааст”.
Зиндагиномаи ин омӯзгор – инсони қавииродаву сабур, анису мунис, ростқавлу покдил, нозукбину нуктасанҷ маҳаки ибрату пайравист. Бо чунин хислатҳои неки инсонӣ дар ҳар равзаи гулбоғи умри инсоният ба ҳар гуле ҳусне бахшидааст. Ҳамин аст, ки ӯро Ҳуснигул номидаанд.
Бале, мегӯянд, ки маънии номи инсон таҷассумгари хислату тинати ӯст. Муаллима зоҳирану ботинан ҳусни гули зиндагии хеш, наздикону пайвандон, шогирдон ва аҳли илму адаб буд, ҳаст ва хоҳад монд. Ӯ дар гулистони зиндагӣ ва маърифат бо азму ирода, ақлу фаросат, одамияту садоқат бо зевари хирад ба илму адаби мардуми тоҷик мисли гул нозукона ҳусни маънӣ бахшиду ато кард.
Устод Ҳуснигул Талбакова яке аз аввалин пажӯҳишгарзанест, ки аз мактаби бузурги илмии яке аз шахсиятҳои соҳибном ва донишманди забардасти тоҷик профессор Мукаррама Қосимова гузаштааст. Ин мактаби забоншиносии тоҷик ҷавонони соҳибзавқро таҳти тарбият ва пуштибонии хеш қарор медод, то шогирдон дар шоҳроҳи пурнури маърифат муваффақ бошанд. Бо файзи раҳнамоии Мукаррама Қосимова дар гулбоғи тафаккури Ҳуснигул Талбакова ҳусну таровати илмӣ ҷовидона маъво гирифт ва мавсуф аз боғи илму маърифат армуғони илмӣ чун “Лексикаи забони адабии тоҷик» (бо ҳаммуалифӣ»), «Вожашиносии забони адабии тоҷик» (бо ҳаммуаллифӣ), «Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик», “Хусусиятҳои лексикӣ ва фразеологии “Маъвои дил”-и Раҳим Ҷалил” ва садҳо дастурҳои таълимию мақолаҳо ба пажӯҳишгарону омӯзандагони илми забоншиносӣ пешниҳод намудааст.
Агар ба равзаи гулбоғи омӯзгории ин зани нексиришту накукор хаёлан назар афканем, беихтиёр овони донишҷӯӣ дар сафҳаи хотиротам варақгардон мешавад: Соли аввали донишҷӯйӣ буд. Дарси навбатӣ аз фанни вожашиносӣ (он замон лексикология). Ҳама донишҷӯён интизори омӯзгор. Дари синфхона кушода шуду ҷавонзани резапайкари нозукандоми сафедпӯсте ба он ҷо ворид гашт. Таваҷҷуҳи ҳама ба муаллима. Дарс оғоз шуд. Ончунон ботамкин бо овози нарму мулоим мавзуъро ба мо маънидод мекард, ки гузашти вақт ноаён мегашт ва муҳаббату дилбастагӣ ба касби пурифтихори омӯзгорӣ аз ниҳоди ин фарди накуному нексиришт падид меомаду ба шогирдон табиатан, воқеӣ, беолоиш, талқину ташвиқ мегардид. Муаллима бад-ин шева маҳаки пайравӣ барои мо – донишҷӯдухтарон мегашту шуълаи рӯшани меҳру садоқатро ба ин пеша дар дили мо фурӯзон менамуд.
Муҳимтар аз ҳама, барои мо дорои сиришти нек ва фарҳанги олии инсонӣ будани муаллима аст, ки бо ин қадр вусъати андеша ва азамати тафаккур меҳрубониву шафқат ва накукориро рисолати хеш медонистанд.
Ҳуснигул Талбакова на танҳо омӯзгори беназир буд, балки чун бону дар хонавода ва чун модар дар тарбияи фарзандони донишманду ҳушманд муваффақу комёр гардид. Ҳамин аст, ки имрӯз фарзандони хештаншиносу ватандӯсти муаллима дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд ва дар пешрафту шукуфоии Ватани хеш саҳмгузоранд.
Дар ин росто, муаллима бо маслиҳату насиҳати модаронаи хеш мададгору раҳнамои омӯзгорони ҷавону донишҷӯён буд. Муаллима хислати наҷибе дошт. Агар огаҳ мешуд, ки касе мушкилоте дорад, ҳатман дасти мадад дароз мекард ва то ҳалли мушкилот ҳамдаму ҳамроз мегардид. Барои кушодани гиреҳи ҳар масъала роҳи мувофиқу муносибро меҷуст.
Дар таълиму тарбияи ҷавонон, махсусан, духтарон ҳастии худро бахшидааст. Муаллима тарғибгари ахлоқи поку ҳамида, ору номуси баланд, зебоию нафосат ва покизагӣ буд. Дар тамоми чорабиниҳо, нишастҳо, ҳамоишҳои илмӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ чун зани зиёии тоҷик саҳм мегузошт.
Муаллима ҳамеша мекӯшид, ки дар замини дили ҳар фард ҳамчун зан, модар, хоҳар, омӯзгору мураббӣ тухми хислатҳои ҳамидаи инсониро бикорад ва дар бунёди бинои муҳташами илми забоншиносӣ бо китоб, дастур ва мақолаҳо бунлоду лоди хешро гузорад.
Садоқатмандӣ ба маърифат, касби омӯзгорӣ ва муносибати шоиставу шоён нисбат ба ҳамкорону шогирдон имкон дода, ки Ҳуснигул Талбакова аз мақому манзалати хосае бархӯрдор шавад ва миёни устодону омӯзгорони Донишгоҳ соҳибэътибор гардад.
Ин аст, ки имрӯз низ аз шахсият ва фазилатҳои нотакрори ин устоди арҷманд ҳамкорон, устодони собиқадори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки тамоми умр муаллима фақат дар ин боргоҳи илму маърифат фаъолият намудааст, ба некӣ ёдовар шуда, хидматҳояшонро дар ташаккули муҳити илмиву таълимии маърифатгоҳ арҷ мегузоранд ва барои тақвияти андеша намунаро аз чакидаҳои хомаи Сафаргул Ҳалимиён меорем:
Ало фарзона модар, эй фаришта,
Гилу ҷони ту аз покӣ сиришта.
Ба фазли хулқи хубу шаҳди гуфтор
Зи анҷум носазоиҳо ту ҳишта.
Ҳама садбарг коранду раҳоин,
Ту тухми некуиву меҳр кишта.
Ба хешону ба шогирдон чу модар,
Чӣ сон кардӣ ҳама инро саришта?!
Расӣ бар ёди ҳамвандону хешон,
Ҷигарҳо лахт гардад ришта-ришта.
Равонат шод бодо, ҳусни гулҳо,
Ту номи хеш бар дилҳо навишта.
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои
хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон