Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар айни замон, як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бевосита ба рафъ намудани омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия ва коҳиш додани сатҳи ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа таъсиргузоранд. Аз замони тасвиби «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» 25-уми сентябри соли 2006 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои гуногуни муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул гардидаанд.
Илова ба санадҳои номбурда, инчунин, бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шуд.
Тавре дар боби дуюми Стратегияи мазкур зикр гардидааст, мақсад ва вазифаи асосии амалисозии он аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз он ки аз ҷониби субъектони бевоситаи муқовимат ба коррупсия ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишию назоратӣ, таъқиботи ҷиноятӣ ва чораҳои дигари пешгирикунанда андешида мешаванд, мутаассифона, ҳанӯз ҳам аз ҷониби бархе аз масъулини вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ роҳ дода мешавад. Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, дар солҳои 2013-2019 танҳо аз тарафи мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 12488 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 9083-тои онро ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ташкил медиҳанд. Ошкоршавии чунин ҷиноятҳо сол ба сол тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар 7 сол (2013-2019) 261 ҷиноят бештар гаштааст.
Табиист, ки пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия, заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб ёфта, муқовимат ба он кори дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва афкори оштинопазир нисбат ба коррупсия ҳифз карда шуда, баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои самаранок андешида шаванд. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд.
Сайёҳат ТОЛИБЗОДА,
корманди суди ноҳияи Фирдавсӣ