Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 55 иншооти соҳаи маориф, 7 иншооти фарҳангӣ, 111 маркази савдою хизматрасонӣ, 56 иншооти тандурустӣ, 19 толору майдони варзишӣ, 85 иншооти коммуникатсияву хизматрасонӣ, 3 иншоот дар растаҳои ҳунармандӣ, 15 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 9 фермаи парвариши чорво, паранда ва боғҳои интенсивӣ бунёд мегардад.
Аз 369 иншооти нақшавӣ то ин муддат 110-тои он ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 20 иншоот соҳаи маориф, 2 фарҳанг, 11 тандурустӣ, 20 маркази хизматрасонӣ, 5 корхонаи саноатӣ ва ғайра. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Ба ифтихори ин Ҷашни миллӣ ва таъмини аҳолӣ бо хонаҳои истиқоматӣ айни замон дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони хонаҳои баландошёна идома дорад. Дар асоси нақшаи генералӣ шаҳраки Сомониён дар масоҳати 79,6 гектар барои зиёда аз 19 ҳазор нафар таҳия шудааст, ки он биноҳои истиқоматии баландошёна, 4 муассисаи таълимии ҳар кадом дорои 3200 ҷои нишаст дар ду баст, 8 кӯдакистон барои аз 200 то 400 кӯдак, мактаби мусиқӣ, меҳмонхона, гулгаштҳо, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, майдонча ва толорҳои варзишӣ, навсозии бозори “Ганҷ”, биноҳои маъмурӣ, бинои ёрии таъҷилӣ дар назди беморхонаи марказӣ, беморхона барои касалиҳои дил, навсозии қасри фарҳанг, васеъкунии роҳҳо ва ғайраро фаро мегирад.
Тибқи иттилои масъулони ноҳия, лоиҳа ба ду қисм тақсим шуда, дар қисми ҷанубӣ иншооти маъмурӣ, истиқоматию хизматрасонии 5-7-ошёна ва дар қисми дигар биноҳои 9-12-ошёна бунёд мешаванд. Иншоот мувофиқи лоиҳа бо санъати меъмории миллӣ ва масолеҳи баландсифати сохтмонӣ сохта мешаванд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»