Дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ шаҳри Душанбе – нигини Тоҷикистони азиз, намоашро боз ҳам зеботар намуда, фазои идона дорад. Ҳазорҳо чароғ фурӯзону дар равшании онҳо қаҳрамонҳои афсонавӣ кӯчаю боғҳоро зебу зинат бахшидаанд. Сари ҳар қадам дар хиёбону майдонҳо қомат афрохтани арчаҳои солинавӣ бо рангу тарҳҳои гуногун гӯё аз омадани соли накуе мужда медиҳанд.
Воқеан, ин ҳама зебоиофариҳо мафтункунандаанд ва дидани ин манзараҳои руҳафзо шомгоҳон чашму дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Сокинону меҳмонон ҳам аз ин ҳама зебоиҳо ба ваҷд омада, дар оғӯши манзараҳои дилфиреб барои хотира акс мегиранд.
Дар суҳбати сарироҳие, ки бо сокини пойтахт Ганҷина Бобоева доштем, мавсуф бо қаноатмандӣ иброз дошт: "Воқеан, Душанбе шаҳри орзуҳост ва имрӯз, ки дар омад-омади Соли нави мелодӣ қарор дорад, зебоиаш боз ҳам назарработар гардидааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Ҷашни Соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон аз он истиқболи идона мегиранд.
Ба мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ гузоштани арча ва оро додани он чун рамзи асосии Соли нав маъруфият дорад. Чун ҳамасола Соли нав аксарият сокинони Душанберо ба майдони марказии пойтахт – Дӯстӣ ҷамъ меоварад. Арчаи идонаи имсола, ки бо зебоӣ аз арчаҳои дигар фарқ мекунад, 30 метр баландӣ ва 16 метр паҳноӣ дорад.
Албатта, дар дигар гӯшаю канори пойтахт – ноҳияҳои Исмоили Сомониву Шоҳмансур ва Фирдавсиву Сино арчаҳои идона гузошта шудаанд, ки яке аз дигаре зеботаранд.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе сол то сол Соли навро рангинтару ҷолибтар истиқбол мегирад, ки худ нишонаи шукуфоии рӯзгори кулли сокинони пойтахти азизи кишварамон аст".
Ба қалби саршор аз фараҳу шодӣ, ки аз як лаҳза тамошои Душанбеи руҳафзо насибам гашт, ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар Соли нави 2024 барору комёбӣ мехоҳам!
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият ”