Солҳои охир таваҷҷуҳ ба рӯёндани сабзавоти тару тоза, сабзаҷот дар гармхонаҳо меафзояд. Маҳз ба шарофати фаъолияти босамари гармхонаҳо, дар сармотарин рӯзҳои зимистон ҳам дастархони мову шуморо сабзавоти тару тоза ва ҳар гуна сабзаҷот зеб мебахшанд.
Ҳукумати кишвар аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин масъаларо ба инобат гирифта, ҷиҳати васеъ намудани майдони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути гармхонаҳо чораҳои муассир меандешад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ноҳияе нест, ки бо усулҳои гуногун:чинию туркию кореягӣ ва дар заминаи технологияи пешқадам гармхона бунёд нашуда бошад. Масалан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз лиҳози аҳолию ҳудуд аз ҷумлаи бузургтарин дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад, соле қабл, ҳамагӣ дар даҳ-дувоздаҳ гектар гармхона фаъолият мекард. Феълан, бино ба иттилои сардори раёсати идораи кишоварзии ноҳия Абдураҳмон Каримов, то моҳи декабри соли равон дар ҳудуди ноҳия дар майдони қариб 27 гектар 204 гармхона бунёд ёфтааст. Гармхонаҳои ноҳия дар таъмини ҳам аҳолии маҳаллӣ ва сокинони шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстону Истиқлол бо лимӯву помидору бодиринг, қулфинай ва сабзаҷот саҳм мегузоранд.
Вақте мо ба хотири дидани гармхонаҳои замонавии хоҷагии деҳқонии “Агронуфуз”, ки моҳи апрели соли равон дар деҳоти Унҷӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Иброҳимов мавриди истифода қарор гирифтааст, омадем, кормандон ба ҷамъоварии помидору қаланфури булғорӣ машғул буданд. Ростӣ, хеле таассуротбахш буд, ниҳолҳо он қадар ба ҳосил даромадаанд, ки ба кас завқ мебахшад. Бо пайбарӣ аз ин ҳаяҷони мо Илҳом Иброҳимов иброз дошт, ки ин ҳоло авҷи ҳосил нест, баъди чанд рӯзи дигар ҳосил ду-се баробар меафзояд.
Гармхонаи мазкур дар майдони 1,1 гектар бори нахуст дар вилояти Суғд бо усулу технологияи замонавии Кореяи Ҷанубӣ бунёд ёфта, хеле баландҳавою аз лиҳози экологӣ мутобиқ ба талаботи рӯз аст.
– Албатта, сохтани ин гармхона ва нигоҳдории он ба маблағи зиёд ниёз дорад,– мегӯяд Илҳом Иброҳимов, – вале дар сурати риояи ҳатмии талаботи технологӣ хароҷотро дар ду-се сол пӯшондан мумкин аст. Бо назардошти сифати хуби маҳсулот ва таъми он, зуд ба фурӯш меравад. Интизор меравад, ки аз ҳамин ниҳолҳои парваришшаванда на кам аз 100 тонна ҳосил рӯёндан мумкин аст.
Ба хотири истифодаи самаранокии вақту қитъаи замин, ҳамзамон, дар қитъаи дигари гармхона кӯчатҳои нав омода мешаванд.
Гармхонаҳои дигар, ки мавқеи худро миёни муштариёни вилояту хориҷӣ бо маҳсулоти хушсифати тару тозаи бодирингу помидор пайдо кардаанд, дар ҶДММ “ММК-Агро -2020” мебошанд, ки дар майдони 5 гектар бо риояи технологияи муосири гидропоника сохта шудаанд. Технологияи парвариши гидропоникӣ аз резамайдаҳои дарахти какос иборат буда, ниҳолҳои помидору бодиринг ва ё қаланфур тавассути лӯлаҳои махсуси обӣ ғизо дода мешаванд. Бартарии ин усул дар он аст, ки ягон коркарди иловагиро талаб намекунад ва ба бемориҳо дучор намешавад. Бино ба иттилои агрономи ҶДММ “ММК-Агро 2020” Сиёвуш Аҳмадов, гармхона дар се соли фаъолияташ хеле самаровар буда, бо ҳосили фаровон аз дигар гармхонаҳо фарқ мекунад. Дар ин ҷо зиёда аз 20 нафар тамоми фасли сол бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. Нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти гармхона дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе кушода шудаанд. Солҳои наздик боз чанд гармхона дар ҶДММ “ММК-Агро 2020” бунёд меёбад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар масоҳати 42,2 гектар 476 гармхона бунёд ёфтааст, ки дар аксарияти онҳо, асосан, сабзавот ва лимӯ парвариш мекунанд. То оғози моҳи декабр аз ҳисоби ҳамаи гармхонаҳои вилоят 5 ҳазору 995, 6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст. Ҳамчунин, бо дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ дар гармхонаҳо парвариши гулҳои ороишии рангоранг роҳандозӣ гашта, то оғози фасли зимистон беш аз 1 миллион дона гул истеҳсол шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш вобаста ба таъмини амнияти озуқавории кишвар таъкид бар он мекунанд, ки бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бештар ҳосил бардорем ва дар мамлакат чунин шароит фароҳам оварем, ки аз маводи ғизоӣ мушкил накашем.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”