Қисми сеюми асари сегонаи Шераки Ориён (Рофеи Рабизод) «Эҷод чист? Эҷодгар кист?», ки дар бораи асрори эҷод, саргузашти пурмоҷарои эҷодгарон, дунёи ботинии онҳо, китобу ихтирооти пурмуҳтавои зиёиёни шуҳратёр иттилои фаровон медиҳад, чанде пеш дастраси хонандаи китобдӯст гардид. Қисми аввали он дар охири солҳои навадуми асри ХХ дар Самарқанд ва соли 2006 дар Душанбе тавассути нашриёти «Деваштич» дар шакли китоби алоҳида ба табъ расида буд ва дар байни адибон, мунаққидону ҳунарпешаҳои театру кино, рассомон, дар маҷмуъ, аҳли эҷод, як печутоби андешаҳои ба ҳам мухталифро ба миён овард. Нахуст, назарногирона муносибат доштанд ва баъд, гуфтанд, ки асари нодире арзи ҳастӣ кардааст.
Соли 2017 китоби дуюми «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» аз нашр баромаду обрӯву нуфузи ин асарро афзун намуд. «Хонотарин китоби Тоҷикистон», - таъкид карда буд пажӯҳишгар Шаҳобиддини Ҳақназар. Дар бисёр кишварҳои дунё китоб тарҷума ва чоп шуд. Дар Радиои Тоҷикистон матни китоб пурра қироат ва сабт гардид.
Инак, қисми сеюми «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» дар дасти мост, ки муаллиф бо чунин ҳикмат ба аҳли ҳунар муроҷиат кардааст: «Аз кардан натарсед, ки хато мекунам, балки битарсед аз беамалӣ, битарсед аз накарданҳо, битарсед аз коҳилию ғофилӣ…». Яъне, эҷодгар бояд ҳамеша аз пайи эҷод бошад. Муаллиф дар фасли «Фикру илҳом» гуфтори пирони адабпарварро меорад, ки пур аз панду насиҳатанд, аз ҷумла аз Расул Ҳамза, нависандаи оламшумули Доғистон, ки ба адабиёти тоҷик ихлоси беандоза дошту дӯсти ҷонии устод Мирзо Турсунзода буд, чунин иқтибос гирифта: «Фикру ҳиссу илҳом монанди меҳмони кӯҳистонист, ки бе таклифу бехабар ҳам меояд. Аз чунин меҳмон на пинҳон шуда халосӣ меёбӣ, на гурехта». Аз ин рӯ, қалам бигиру бинавис, танбал машав. Фикру илҳом меояд шабу нимашаб, субҳи мардону рӯзи пурборон, пешину асру шом, агар соҳибаш шуда натвонӣ, биравад, яъне чунон ки омада, ҳамон хел якуякбора равад ва баъдан шояд дигар сӯят майл насозад. Эҷодгари асил худро ба ҳар роҳ мезанад, ки роҳи асосии зиндагии одамиро ва роҳи асосии наҷоти дигаронро дарёбад. Бо вуҷуди ҳама сахтиҳои ҳаёт, эҷодкор наметавонад бе навиштану офаридан нафас бикашаду зиста бошад.
Эҷод чист? Эҷодгар кист? Ба ин суолҳо пас аз хондани асари пургуҳар посух хоҳед дарёфт. Ба гуфтаи муаллиф: «Ин китобест барои журналистону адибон, навогару мусаввирон, олимону синамогарон, лоиҳакашу меъморон ва ҳама гуна пешаҳои дигари ҳунармандию эҷодӣ ва ҳаводорони ин пешаҳо» ва барои онҳое, ки нав ба олами адабиёт қадам мениҳанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
“ЭҲЁИ ВОДИИ ЛАБТАШНА”
Бо ҳамин унвон ба муносибати 90-солагии ба кор андохтани шабакаи обёрии Вахш китоби журналисти номвар, Корманди шоистаи Тоҷикистон Аъзам Мӯсоев аз тариқи матбааи ҶДММ «Ношир-С» ба нашр расид, ки туҳфаи арзандаест ба ҷашни фархундаи азхудкунии заминҳои лабташнаи водии зарнисори Вахш.
«Эҳёи водии лабташна» дар натиҷаи заҳмати бисёрсолаи муаллиф, баъди омӯзишу таҳлилҳои маълумоти сарчашмаҳои муътамад ва суҳбату дидор бо аввалин мутахассисони соҳаи обёрии кишвар, нахустин фотеҳони дашту шӯразорон, офарандагони нозу неъматҳои фаровон эҷод гаштааст.
Вақте нақшаи панҷсолаи якуми тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1928-1933 қабул мегашт, дар қатори 150 иншооти муҳим бунёди шабакаи обёрии Вахш низ сохтмони зарбдори умумиттифоқӣ эълон мешавад ва ба сохтмони канали калони Вахш маблағу техникаи зиёд сафарбар мегардад. Муаллиф аз хотироти Раиси Совети Комиссарони Халқи РСС Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев мисол оварда, зикр менамояд, ки сохтмони каналҳои калони обёрӣ дар мамлакати мо солҳои 1930-1931 оғоз ёфтанд ва баъди анҷоми онҳо дар водии Вахш 220 ҳазор, дар Бешкент 70 ҳазор ва дар Хоҷабоқирғон 40 ҳазор гектар замин аз худ шуда, парвариши зироатҳои кишоварзӣ, бунёди боғу токзорҳо доман густурданд.
Шабакаи обёрии Вахш имкон дод, ки минбаъд дар асоси он каналҳои зиёд сохта шуда, ба шарофати оби дарёи Вахш ҳазорҳо гектар замин ба фаъолияти кишоварзӣ ворид шаванд. Муаллиф таъкид намуда, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иншооти обӣ, пойгоҳҳо ва дастгоҳҳои обкашии водии Вахш афзуда, дар соли 2022 замини обӣ ба 183100 гектар расид, 46843 гектар ба воситаи истгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуд, 29438 гектар замини наздиҳавлигӣ, 9507 гектар заминҳои президентӣ шодоб гаштанд.
Аз замони ба истифода додани шабакаи обёрии Вахш 90 сол сипарӣ мегардад. Мутахассиси амрикоӣ Людвел Гордон, ки бо даъвати ҳукумати вақт ба Тоҷикистон омада буд, баъди дидани шароити кории коргарон дар солҳои 30-юми асри ХХ гуфта буд: “Обёрии водии Вахш кори берун аз ақл аст, аммо тоҷикон исбот карданд, ки бо дастон ва бо қудрати ақли инсон кори аз ақл берун ҳам иҷрошаванда аст, чизе нест, ки дар пешорӯи заковати одам монеа шавад”.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»