Давлатзода Зафарбег, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки зимни гуфтушуниди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ мувофиқа шуд, ки Бонки мазкур таъмиру навзсозии қисмҳои осебдидаи нақби 14-километраи обрасони Данғараро пурра маблағгузорӣ мекунад.
– Баъди санҷишҳои навбатӣ аз ин иншооти муҳими стратегии давлатӣ аз ҷониби намояндагони Бонк, дар навбати аввал, маблағҳои калон ворид мешаванд. Мо баъд аз паст шудани сатҳи оби дарёи Вахш ба таъмири пурраи нақб оғоз мекунем, – афзуд Давлатзода Зафарбег. Мутахассисони соҳа бар ин назаранд, ки таъмири нақб имсол низ имконнопазир аст, зеро дар сурати гузарондани корҳои таъмирӣ аҳолии ноҳия ва тамоми корхонаҳои саноатии он аз об маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ, Сардори давлат бо роҳбарони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориши қатъӣ дод, ки барои бе оби нӯшокӣ намондани аҳолии ноҳия ба масофаи 16 километр, аз минтақаи Себистон то баромадгоҳи нақб аз ҳисоби маблағҳои Бонк, сараввал лӯлаҳои обгузари оҳании қутрашон 500 мм васл намоянд, сипас ба таъмири нақб оғоз бахшанд.
Ёдрас мешавем, ки нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара ҳамчун иншооти муҳими стратегии давлат имрӯз дар қатори 10 нақби гидротехникии азими ҷаҳон шомил мебошад.
Мувофиқи лоиҳаи сохтмон, ғунҷоиш ва қобилияти обгузаронии он дар як сония 100 метри мукааб об буда, барои обёрии зиёда аз 100 ҳазор гектар замин пешбинӣ шудааст. Нақб дар чуқурии 375 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, кандани он ба воситаи се шахтаи ёрирасон амалӣ шуда, онро соли 1986 ба истифода додаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар сарбанди нақб 6 дарвозаи пуриқтидор бо вазни 240 тонна васл шудааст. Имрӯз ҳолати ин дарвозаҳои сарбанд, бинобар гузаштани муҳлати хизматрасониашон, чандон хуб набуда, ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Аз 6 дарвозаи сарбанд 4-тоаш корношоям гаштааст. Оби тезҷараёни дарёи Вахш, зери дарвозаҳои сарбандро сӯрох карда, ҳолати ногувори садамавиро ба миён овардааст.
– Таъмини бехатарии иншоотҳои бузурги гидротехникӣ ба зиммаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ вогузор шудааст. Хадамот, баъди санҷишҳои навбатӣ вазъияти мураккаби нақби харобгаштаро ба инобат гирифта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои расмӣ пешниҳод намуд, – гуфт сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ Ғафурзода Тағоймурод.
Тавре ба мо аз Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ хабар доданд, қарзи истифодабарандагони оби полизӣ то имрӯз ба 70 миллион сомонӣ баробар шудааст.
– Агар ҳаққи хизматрасонии об аз ҷониби истифодабарандагон сари вақт пардохт мешуд, мо баъзе қисматҳои зарардидаи нақбро таъмир карда метавонистем. Мо равғанҳои дарвозаҳои сарбандро ба қадри зарурӣ таъмин намудем, ҳоло корҳои таъмиру барқароркунии таҷҳизоти барқ ва равшанкунонии дохили нақб идома доранд, – гуфт сардори Муассисаи давлатии нақби оби Данғара Файзиддин Одинаев.
Ҳоло вазъияти хеле мураккаб дар километри 8-уми нақб, яъне дар шахтаи рақами 9, ба вуқуъ омадааст, ки бартараф кардани он муҳлати хеле зиёдро талаб мекунад. Дар чуқурии 375 метр аз сатҳи баҳр қолабҳои бетонии хобондашуда, ки ҳар кадомашон 2-тоннагӣ вазн доранд, қисман аз ҷояшон лағжида, пеши обро баста, хатари ҷиддӣ ба миён овардаанд. Агар вазъият чунин идома ёбад, коршоямии минбаъдаи ин иншооти азими гидротехникии зеризаминӣ зери суол меравад.
Ошкоро бояд гуфт, ки дар Муассисаи давлатии нақби оби Данғара, бахусус дар назорати дарвозаҳои сарбанд, мутахассисони ботаҷриба низ намерасанд. Дар дарвозаҳои сарбанд ба ҷои 6 нафар ҳамагӣ 1 нафар навбатдорӣ мекунад, ки ин дар доираи талабот нест.
АЗ МУАЛЛИФ: Ҳарчанд ки Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” моҳи августи соли гузашта, вазъи ногувори ин иншооти бузурги гидротехникии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода буд, мутаассифона, ҳолати имрӯзаи нақб, ҳамчунон, мураккаб боқӣ мондааст, ки воқеан нигаронкунанда аст.
Холназар КАСИРОВ, “Ҷумҳурият”