Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бозорҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардида, то имрӯз ҳазорон тоҷир дар онҳо пайи савдо мебошанд. Вале, мутаассифона, бозори “Матлубот”-и ноҳияи Восеъ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Кор то ҷое расидааст, ки ҳоҷатхонаи бозори мазкур дар ҳолати бади санитарию гигиенӣ қарор дошта, бӯйи нофорами он атрофро пахш намудааст.
Вақте хостем аз аҳволи ин нуқта дидан намоем, аввал чашмамон ба ошхона расид. Кас дар ҳайрат мемонад, ки на бештар аз 5 метр дуртар аз ҳоҷатхона мутасаддиёни бозор барои фаъолияти ошхона иҷозатнома додаанд. Магар ин аз чашми масъулони Маркази санитарию эпидемиологии ноҳия ва дигар шахсони масъул дур мондааст? Оё саломатии истеъмолкунандагон барои ин афрод тамоман муҳим нест?
Саймузаффар Салмонов, директори бозори мазкур, дар суҳбат гуфт, ки бо Корхонаи фаръии давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия шартнома доранд ва моҳе ду маротиба масъулон поккорӣ анҷом медиҳанд.
– Мо ҳамагӣ бо 70 тоҷир шартнома дорем. Дар ҳудуди бозор ба ҷуз бозори “Матлубот”-и ноҳия, боз ду бозори хусусии дигар фаъолият мекунад. Ҳоҷатхона хусусӣ буда, моҳе ду маротиба мутасаддиён бо истифода аз техникаи ахлоткашонии корхонаи коммуналии ноҳия онро холӣ мекунанд, – афзуд директори бозор.
Гувоҳи камина ғолиб аст, ки гуфтаҳои С. Салмонов дар бораи поккории ҳоҷатхона ба ҳақиқат чандон наздик нест, зеро бидуни ниқоби муҳофизатӣ вориди хоҷатхона гардидан ғайриимкон аст.
Аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ба мухбири минтақавӣ маълумот доданд, ки ҷамъияти “Матлубот”-и ноҳияро қариб 700 сомонӣ ҷарима кардаанд. Умедворем, ки масъулони Маркази санитарию эпидемиологии ноҳия дар якҷоягӣ бо масъулони бозор барои бартараф намудани ин мушкилот саъй хоҳанд кард.
МАЪЛУМОТНОМА ҒАЛАТ Ё НАРХ АРЗОН?
Нархномаи пешниҳодкардаи Саймузаффар Салмонов ба ҳолати 13-уми ноябри соли равон шубҳаовар буда, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ арзон нишон дода шудааст. Масалан, тибқи маълумотнома, нархи як килограмм помидор аз 8 то 10 сомонӣ муайян шудааст, вале дар фурӯш аз 13 то 18 сомонӣ қимат дошт. Арзиши як килограмм бодиринг 8-9 сомонӣ нишон дода шудааст, аммо савдогарон онро 11-13 сомонӣ мефурӯхтанд.
Дар тамоми бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар анқариб нархи ангур якранг мебошад, вале ҳайратовар аст, вақте ки дар маълумотномаи пешниҳодкардаи раиси бозор нархи як килограмм ангур аз 20 то 25 сомонӣ асту дар савдо аз 30 то 35 сомонӣ. Нархи себ дар бозор 10-15 сомонӣ буда, дар маълумотномаи бозор 8-10 сомонӣ дарҷ гардидааст. Хуллас, дигар чи ҷойи тааҷҷуб, маълумотнома оид ба нархи маҳсулот сар то по ғалат аст. Маълум нест, ки аз чунин маълумоти носаҳеҳ мутасаддиёни бозор чӣ манфиате ба даст меоварда бошанд?
САВДОИ КӮЧАГӢ БАРТАРАФ МЕШАВАД Ё НА?
Пӯшида нест, ки солҳо боз савдои кӯчагӣ дар атрофи бозорҳо ба анъана даромадааст. Ҳар ҷое бозор бошад, савдогарон ҳатман бояд то роҳравҳо ба савдо машғул гардида, атрофи бозорро банд ва ифлос кунанд. Ин ҳолат дар бозори “Матлубот”-и ноҳия Восеъ низ мушоҳида гардид. Вале мутасаддиёни бозори зикршуда гуфтанд, ки аз онҳо ҳеҷ маблағе намегиранд ва бо онҳо шартнома надоранд. Пиёдароҳҳоро савдогарон анқариб бастаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо ташаббуси раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода савдои кӯчагӣ ва танбашавии нақлиёт дар назди бозор як муддат бартараф шуда буд, вале бо гузашти чанд рӯз боз танбашавию дар роҳравҳо машғули савдо гардидани тоҷирон бештар гардид.
Суоли матраҳ чунин аст: бенизомӣ дар бозор кай бартараф мешавад?
“Ҷумҳурият” мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»