Чанде пеш дар Вазорати фарҳанг бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ, Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба тарғиботи зиддикоррупсионии «Васоити ахбори омма муқобили коррупсия» ҷамъбаст гардид.
Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанг, зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки мақсад аз баргузор намудани Озмуни мазкур ҳарчи бештар ҳавасманд ва ҷалб кардани рӯзноманигорону фаъолони ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва мусоидат барои решакан намудани он мебошад. Ҳамчунин, ҳадаф аз роҳандозии Озмун дарёфти беҳтарин мавод дар мавзуи пешгирии амалҳои коррупсионӣ, тарғиб ва оммафаҳм гардондани роҳҳои бартараф сохтани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мебошад.
Дар маросими ҷамъбастӣ, иттилоъ дода шуд, ки ба Озмун мақолаҳое роҳ ёфтанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва, ҳамчунин, матбуоти мустақили Тоҷикистон давоми соли 2023 дар мавзуи мубориза бо коррупсия нашр гардидаанд. Зимни баҳогузорӣ ба матлабҳои беҳтарин маҳорати журналистӣ, нависандагӣ, таҳқиқгарӣ, риояи назокати сухан, забон, услуб, пайвастагии афкор ва бандубасти андешаҳо, нишон додани таъсири манфии он ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеа ва давлат ба назар гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, Ҳотами Ҳомид барои нашри мақолаи “Зуҳуроти номатлубро маҳкум бояд кард” сазовори ҷои якум гардида, Ашраф Афзал бо мақолаи “Пора-пора гашт” ва Абдуғаффори Шаҳзод бо мақолаи “Ришва” мутаносибан мақомҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд. Ҳамчунин, нашрияҳои “Садои Конибодом”, “Баҳори Аҷам” ва маҷаллаи “Тоҷикистон” барои инъикос ва нашри маҷмуи мақолаҳо дар мавзуъ бо сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Зимни ҷамъбаст ба ғолибони Озмун: ҷойи аввал 7000 сомонӣ, мақоми дуюм 4000 сомонӣ ва баранди ҷои сеюм 2 000 сомонӣ тақдим гардида, 6 нафар иштирокчии фаъоли дигар бо мукофоти пулӣ ба миқдорӣ 500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”